Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи коҳиши талафоти нерӯи барқ, ки аз ҷониби Ассосиатсияи рушди Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумати Швейтсария ва ширкати «Барқи тоҷик» маблағгузорӣ карда мешавад, дар шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои индуктивиро бо электронӣ иваз мекунанд.

            Директори техникии коҳиши талафоти барқи ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадамин Аминов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳисобкунакҳо дар тендери байнулмилалӣ харида шуданд, ки дар он ширкати Чин ғолиб омадааст. Ҳисобкунакҳо ҳам дар шиддати барқи 47 ва ҳам 400 волт кор мекунанд.

            Ба гуфтаи М.Аминов, ин ҳисобкунакҳо аз ҳама гуна роҳу воситаҳои дуздии барқ ҳифз карда шуда, дар хотираи худ нишондодҳои 1, 10, 20 рӯз ва се солро маҳфуз нигоҳ медоранд, ки он дар навбати худ имкон медиҳад тавозуни нерӯи барқро дар низоми энергетикии пойтахт мушаххасан зери назорат қарор дод.

Ғайр аз ин, ба қавли М.Аминов, ширкати «Барқи тоҷик» низоми биллингиро ҷорӣ месозад, ки ба туфайли он метавон иқтидорҳои иловагии истифодаи нерӯи барқро, ки дар тамоми нуқтаҳо насб мегарданд, ошкор сохт. «Иваз намудани ҳисобкунакҳо ройгон буда, он аз ҳисоби намояндагони маблағгузори лоиҳа тва ширкати «Барқи тоҷик» амалӣ мегардад», - гуфт ӯ.

            Мавсуф зикр кард, ки ҳисобкунакҳои ҳамаи истеъмолкунандагони нерӯи барқи шаҳри Душанбе, ки 160 ҳазор ададро медиҳанд, иваз карда мешаванд.

            Айни замон ивазкунии ҳисобкунакҳо дар микрорайони 65-ум, дар ҳавлиҳои шахсии фурудгоҳи кӯҳна, шаҳраки Калинин ва вокзали роҳи оҳан ҷараён дорад ва анҷоми ин кор то 22-уми декабри соли оянда, яъне дар рӯзи ҷашни касбии энергетикҳо ба нақша гирифта шудааст.