Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оид ба масоили идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мулоқоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон доир гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати номбурда хабар доданд, мутахассиси бахши энергетикаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма ба ҳозирин дар бораи машварати гузаронидаи бонк оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо намояндагони Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон маълумот додааст.
Ба қавли ӯ, намояндагони Туркманистон аҳамияти бузурги идомаи сохтмонро таъкид сохта, изҳор намудаанд, ки Тоҷикистон дар идомаи сохтмони он комилҳуқуқ аст. Коршиносони соҳаи энергетикаи Қазоқистон ба масоили ҳаҷми тавлиди барқ ва иқтидори содиротии он таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд. «Қирғизистон комилан аз идомаи сохтмони ин иншоот пуштибонӣ карда, намояндагони Афғонистон низ гуфтанд, ки ҳеҷ эътирозе ё мухолифате ба он надоранд ва гузашта аз ин, бо Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи «Даштиҷум» дар рӯдхонаи Панҷ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд», - гуфт ӯ.
Р.Шарма зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ алҳол дар ин бора бо Ӯзбекистон машварат накардааст ва назари Ӯзбекистонро перомуни идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ахири октябр ҷӯё хоҳад шуд.
Дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов изҳор доштааст, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ масоили ҳифзи муҳити зист ва экология ба назари эътибор гирифта шудааст ва агар барои кишваре дар лоиҳаи иншоот нофаҳмие мавҷуд бошад, ҳукумати Тоҷикистон омода аст, онро дар ҳама гуна сатҳ мавриди баррасӣ қарор диҳад. А.Ғуломов аз гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дархост кардааст, дар баробари таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин аз паҳлӯҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа низ натиҷагирӣ кунанд.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста