Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷараёни гуфтушуниди ҳайатҳои намояндагии Олмону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ Марион Урбан изҳор дошт, ки Олмон тӯли солҳои 2009-2010 дар доираи барномаҳои ҳамкории техникӣ ба маблағи 7 млн. ва молиявӣ ба маблағи 29 млн. евро ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад.
Хонум Урбан инчунин изҳор дошт, ки кишвараш баҳри азнавсозии барномаи захираҳои молиявӣ боз 1 млн. евро маблағи иловагӣ ихтисос медиҳад. Номурда гуфт: «Олмон ин маблағҳоро аслан барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути молиягузории хурд, дастгирии машваратии соҳибкории хурду миёна ва беҳсозии шароитҳои ҳуқуқиву сиёсии татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ҷудо менамояд».
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди дурӯзаи Тоҷикистону Олмон оид ба масоили ҳамкории иҷтимоиву иқтисодӣ шурӯъ шуданд. Зимни муаррифии ҳайати ҷониби Олмон сафири Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф аз имконоти густурдаи роҳандозии ҳамкориҳои муфиди иҷтимоиву иқтисодии ду кишвар ёдовар шуд.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста