Душанбе. 9-уми октябр - Аз моҳи августи соли 2009 Гурҷистон аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ карда мешавад. «Оид ба қатъи узвияти Гурҷистон дар ҳайати ИДМ қарори техникӣ қабул карда шуд», - изҳор дошт имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
С.Лавров афзуд, ки ба мақомоти марбута оид ба ҳаллу фасли ӯҳдадориҳои доштаи Гурҷистон тибқи созишномаҳо супоришоти мушаххас дода шудааст. «Ҳамчунин оид ба қатъ кардани фаъолияти нерӯҳои дастаҷамъона оид ба таъмин субот дар Абхазистон, ки дар доираи ИДМ ташкил шуда буданд, низ қарори дахлдор қабул гардид», - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
С.Лавров аз хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки «ҳарчанд Гурҷистон дар қабули қарор мустақил бошад ҳам, муносибатҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ
барои ҳама давлатҳо муфид аст».
Номбурда дар масъалаи хориҷ шудани Украина аз ҳайати ИДМ чунин баён дошт: «Украина дар ин хусус ҳарфе назадааст ва ман фикр мекунам, ки Украина ният дорад, иштироки худро дар фаъолияти иттиҳод бештар густариш диҳад».
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста