Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грем Лотен дар як ҳайати иборат аз кормадони сафорат ва хабарнигорон боздиди худро аз водии Рашт шурӯъ кард. Ин сафар то 14-уми октябр идома хоҳад кард ва дар ин муддат ҷараёни иҷрои тарҳҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллие, ки аз ҷониби сафорат маблағгузорӣ мешаванд, мавриди санҷиш қарор мегирад.
Дар паи Рашт ҳайати сафорат ба Бадахшон меравад
ва бо вазъи сохтмонҳои баъзе посгоҳҳои марзӣ воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки бо пули сафорат таъмир шудаанд, шинос хоҳад шуд. Дар иттилоияи сафорат аз қавли Грем Лотен омадааст, ки бино ба як масъалаи ҷаҳонӣ будани қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкили ҷилавгирӣ аз он бояд дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад.
Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки сафорати Бритониё аз апрели соли 2005 то декабри соли 2006
ба маблағи 2 миллион Евро тарҳҳои
мухталифи марбут ба мудирияти марз ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Бадахшонро маблағгузорӣ кардааст. Кӯмаки нави сафорат ба маблағи 500 ҳазор фунт стерлинг (ҳудудан як миллион доллари амрикоӣ)
навсозии посгоҳҳои марзиро дар назар мегирад.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста