Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тавре интизор меравад, соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора директории муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» Қодир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нахуст дар давоми як сол аз тарафи комиссияи корӣ сифати роҳ санҷида шуда, баъдан онро комиссиюни давлатӣ қабул хоҳад кард. Саидов гуфтааст, ки то имрӯз комиссияи корӣ 188 километр роҳро аз километри 7-уми ноҳияи Исмоили Сомонӣ то километри 57-уми ноҳияи Варзоб ва аз километри 222-юми ноҳияи Истаравшан то километри 365-уми шаҳри Хуҷандро санҷида ва мавриди истифода қарор додааст.   «Боз 171 километр роҳи дигар, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, навоҳии Айниву Истаравшан ва нақби Шаҳристон бояд таъмиру таҷдид шавад», - гуфт Саидов.

Ёдовар мешавем, хазинаи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд Чаноқ беш аз 295 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 281 миллион доллараш қарзи дарозмуддати ҳукумати Чин буда, ба мӯҳлати 20 сол барои кишвари мо ҷудо гардидааст. Боқӣ 14,8 миллион доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа аст. Корҳои таъмиру таҷдиди шоҳроҳ ва нақб тобистони соли 2006 оғоз гардида буданд.