Имрӯз, 12-уми ноябр, Сайфулло Сафаров, яке аз барномарезон дар ҳукумати Тоҷикистон, собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, муовини пешини раиси ҲХДТ 70-сола шуд. Ба ин муносибат бо Сайфулло Сафаров суҳбат кардем ва фишурдаи онро манзуратон мегардонем.

 

“Мушовир таъйин шудаӣ, чаро дар кор нестӣ?”

- Сайфулло Саъдуллоевич, аллакай 5 сол мешавад, ки бознишастаед. Чӣ ҳолу аҳвол доред ва ба чӣ корҳо машғулед?

- Ба фаъолияти омӯзгорӣ машғулам, роҳбари илмии аспирантҳо мебошам ва Анҷумани сиёсатшиносонро роҳбарӣ мекунам.

- Шумо солҳои дароз ҳамчун муовин ва баъдан муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) кор кардед. Дар солҳои охир бисёриҳо тахмин мекарданд, ки маҳз шумо раиси МТС мешавед. Чаро чунин нашуд?

- Ин салоҳияти президенти Тоҷикистон аст ва ҳар қароре, ки аз ҷониби эшон мебарояд, барои ман қонун аст. Ман аслан ба ин масъала диққат надодаам. Мушовири президент будам ва минбаъд дар ҳар вазифае, ки таъйин карданд, содиқона кор кардам. Ҳоло ҳам ҳар куҷо набошам, худро вазифадор меҳисобам, ки дар паҳлӯи президенти кишвар бошам. Ҳарчанд нафақагир ҳастам, аммо масъулият эҳсос мекунам, чунки мушовири президент будан болои ман масъулият гузоштааст.

 

- Шумо худро арзандаи роҳбари МТС меҳисобидед?

Не, чунки ман муаллим будам ва 19 сол дар Академияи илмҳо кор кардам. Пеш аз ба дастгоҳ пайвастанам, мудири шуъбаи миллатшиносӣ ҳам будам. Лекин мудири шуъба куҷо ва мушовири президент куҷо?

Вақте ба вазифаи мушовири президент таъйин шудам, бемор будам.  Рӯзе Қаҳҳор Расулов, мушовири давлатии президент ба хонаам омаданд, ҳайрон шудам. Баъди ҳолпурсӣ муаллим гуфтанд, ки як ҳафта аст ба вазифаи мушовири калони президент таъйин шудаӣ, чаро дар кор нестӣ?

- Шояд сабаби роҳбари МТС таъйин нашуданатон фаъол буданатон дар расонаҳо буд?

- Дар расонаҳо фаъол будан ба фикрам ҳеҷ нақше бозида наметавонад. Чунки дигарон, аз ҷумла Сӯҳроб Шарипов, роҳбари вақти МТС ҳам аз ман бештар фаъол буданд. Дар нишастҳои матбуотӣ ҳардуямон якҷоя  иштирок мекардем ва ба саволҳои журналистон ҷавоб медодем.

- Воқеан, Шумо яке аз камтарин мансабдорон, ҳатто дар миёни кормандони МТС будед, ки ҳамеша бемушкил назаратонро дар робита ба ин ё он масъала, ҳатто масъалаҳои ҳасос аз мавқеи ҳукумат ба расонаҳо мегуфтеду менавиштед. Оё боре барои ин назарҳоятон сарзаниш шудаед?

- Давоми 25 сол бо президенти кишвар кор кардам, лекин ягон маротиба сарзаниш нашунидаам.

Боре аз дастгоҳ ба ман мактуб омад, ки гӯё аз номи ҳукумат дар бораи муҳоҷирон сӯҳбат карда бошам. Вақте ки хондам, мутаваҷеҳ шудам, ки воқеан ҷумла нодуруст ва ғалат аст. Нутқи айнан нақлшуда оварда будам, аммо дар мактуб навишта буданд, ки бевосита ман он суханҳоро гуфта бошам. Вақте ба мактуб посух навиштам ва масъаларо шарҳ додам, фаҳмиданд.

 

“Коршиносонро давлат манъ накардааст, дониш надоранд...”

- Воқеан, имрӯз коршиносу таҳлилгар ва ҷомеашинос дар кишвар тухми анқо шудааст. Касе намехоҳад суҳбат кунад ва ё мехоҳаду бо кадом сабабҳое наметавонад. Ин то куҷо бад аст?

- Ба ман ҳам бо баъзе суолҳо агар журналистон муроҷиат кунанд, ба онҳо мегӯям, ки ба фалон вакил ё фалон мансабдор сӯҳбат кунед, ба саволҳоятон посух мегӯянд. Аммо ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки дубора ба ман муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо ба суолҳояшон ҷавоб надоданд. Ман ҳеҷ гоҳ аз мавқеи ҳукумат посух намедиҳам, лекин ҳамчун нафаре, ки нисбати миллат ғамхор аст, назари худамро дар ҳамаи соҳаҳо иброз мекунам, ки бештари онҳо бо мавқеи президент рост меоянд.


Ҳастанд мутахасисоне, ки дар як мавзуъ рисола навиштааст, аммо ҳамон самтро пурра намедонад. Мутахассисон аз дониши сусти худашон метарсанд, на аз давлат, на аз ҳизб, на аз мақомот. Яъне мутахассисе нест, ки ҳамаи соҳаҳои сиёсиро пурра бидонад. Баъзеҳо ба маблағ низ таваҷҷуҳ доранд ва мегӯянд, ки вақте маблағ намедиҳанд, чаро вақташонро сарф кунанд. Дар замоне ки мо ба дунёи сиёсат ворид шудем, дар бораи пул фикр намекардем. 30 сол ман дар радио баромад кардам ва аз солҳои пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ то солҳои 2015 қариб дар як ҳафта аққалан як-ду маротиба дар барномаҳои радиоӣ иштирок мекардам.

Мо ба суолҳои на танҳо расонаҳои маҳаллӣ, инчунин ба саволҳои хабаргузориҳои хориҷӣ низ посух мегуфтем. Ҳадафи мо ин буд, ки ба воситаи расонаҳо ба мардум ҳақиқати ҳол, яъне ҳақ будани давлати миллиямонро расонем.

Роҳбарият агар ҳимоя кунад, албатта марказҳо фаъол мешаванд ва агар роҳбарон иҷозат надиҳанд, албатта марказҳо низ посух намедиҳанд.Агар мутахассисон ба журналистон ҳамеша посух диҳанд ва суҳбат кунанд, одат мекунанд, таҷриба меандӯзанд ва ба расонаҳои хориҷӣ низ имконияти посух гуфтанро пайдо мекунанд. Мо аз ин нуктаи назар кор мекардем.

- Мо имрӯз ба кадом намуди коршиносон ва таҳқиқгарон ниёз дорем? Дар кадом соҳаҳо дар мо коршинос ё таҳлилгари касбӣ намерасад?

- Мо бояд сиёсатшиносони байналмилалӣ дошта бошем.

Як фанни бисёр ҷиддӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон дар замони мо ҳам диққат дода нашуд. Ин фан психологияи иҷтимоӣ, яъне рӯҳшиносии иҷтимоӣ аст. Замоне президенти Академияи илмҳо Муҳаммад Осимӣ маро ба Маскав фиристоданд, лекин дар Институти фалсафа мутаассифона барои ман роҳбар наёфтанд.

Ман ба масъалаҳои миллӣ бисёр диққат медодам, ҳатто ба чандин шогирдонам дар масъалаи миллӣ, чун психологияи миллӣ, худшиносии миллӣ барои навиштани кори илмӣ ва ҳимоя мавзуъ додам. Аммо ягон нафар равоншиноси иҷтимоӣ нашуд.

- Сабаб чист?

- Сабаб он аст, ки дар мактабҳои олӣ соати дарсӣ барои ин фан кам аст. Дар пажӯҳишгоҳи фалсафа ҳам ҳамин аҳвол. Донишмандони ин соҳа кам мондаанд. Солҳои пеш лоиҳаҳо ва маблағгузорӣ буд, ҳоло кам аст ва таваҷҷуҳ ҳам кам шудааст.

Як шогирдам дар мавзуи манфиатҳои миллӣ кори илмӣ кард ва чун лоиҳаҳо зиёд буданд, ҷомеашинос шуд. Вақте лоиҳаҳо тамом шуданд, боз муаллимиашро давом доду ҷомеашиносиро канор гузошт.

Гап сари маблағ аст. Президенти кишвар имсол ҳамин масъаларо хеле дақиқ, гӯё як тадқиқот гузаронида бошанд, гуфтанд. Масъалаи маошро ҳам гуфтанд. Агар мехоҳем, ки миллати мо пеш равад, маоши муаллимро баланд бояд кард. Чӣ мактаби миёна бошад, чӣ мактаби олӣ.

 

Анҷумани сиёсатшиносон ва Маркази сулҳи Осиё

- Чанд сол пеш Маркази сулҳи Осиё доштед, вале онро бастед. Ҳадафи ин марказ чӣ буд, то куҷо муваффақ гардид ва чаро баста шуд?

- Дар аввал мехостем, ки маркази эҷоди сулҳи Афғонистонро ташкил кунем ва ман раиси он шавам. Баъди гирифтани иҷозат аз ниҳодҳои дахлдор ва навиштани низмономаи он марказро аз қайди Вазорати адлия гузаронидем. Лекин бо сабаби он ки бародарони афғонистонӣ ҷанҷол бардоштанд, ки “чаро раиси маркази сулҳи Афғонистон Сафаров мешудааст, мо бояд худамон бошем”, гуфтем марҳамат, худатон ташкил кунед.

Баъдан, Маркази сулҳи Осиёро ташкил кардем. Он вақт ман раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Корея будам. Сулҳи Корея ва Покистону Ҳиндустонро ҳам он ҷо ҳамроҳ кардем. Дар якҷоягӣ Маркази сулҳи Осиё шуд ва як рӯзнома бо номи “Сулҳи Осиё” ва маҷалла бо номи “Паёми сулҳи Осиё” ташкил кардем.

 


- Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст? Оё он ҷо гуфтугӯҳо ва мизҳои гирд баргузор мешавад?

- То моҳи декабри  соли гузашта мо корро пеш мебурдем. Бо баъзе донишгоҳҳои Чин шартнома бастем. Як соли охир аз сабаби он ки бемор будам, коре карда натавонистем. Вале муовини ман Абдуллоҳи Раҳнамо, ки худ як ташкилоти дигар дорад, қариб ҳар моҳ як чорабинӣ мегузаронад ва баҳсу баррасиҳо мешавад.

- Воқеан чаро дар мо марказҳои мустақили таҳлилӣ-тадқиқотӣ нест?

- Ташкил кардани чунин марказҳо мушкил аст. Якум, мушкили молиявӣ аст. Қонунгузорӣ иҷозат додааст. Вале маблағро дуруст истифорда карда наметавонанд.

Масалан, фикр накунед, ки ба Маркази тадқиқоти стратегӣ аз ҳисоби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон маблағ ҷудо мешавад. МТС аз ҳисоби буҷаи илми Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Агар кормандони он лоиҳа пешниҳод накунанд, ҳеҷ кас ба онҳо пул намедиҳад. Яъне пуле, ки Тоҷикистон барои илм ҷудо мекунад, то охир азхуд карда намешавад. Чунки олимон кам лоиҳа менависанд ва пули камро аз худ мекунанд.

Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ марказҳои тадқиқоти стратегиашон ҳамин хел кор мекунанд. Лоиҳа менависанд, пул мегиранд. Яъне дар ҳама ҷо системаи бо пул таъмин кардани лоиҳаҳои илмӣ вуҷуд дорад.

Яъне сабаби набудани марказҳои мустақили илмӣ адами ташаббуси донишмандон аст, наметавонанд маблағи бударо истифода кунанд.

 

“То суд исбот накунад, касеро гунаҳкор намекунам”

- Устод, дар робита ба вазъи сиёсии кишвар чӣ назар доред? Дар назар дорам, боздоштҳои охири бархе аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсат, ки бархеашонро хуб мешинохтед.

- Дар ҷомеа ҳар хел одам ҳаст. Вале ҳеҷ ниҳоди давлатӣ беасос ягон корро намекунад. Ё ин ки ягон кас нодуруруст ахборро овардааст, зеро наметавонад ҳамавақт манбаи ахбор саддарсад дуруст бошад. Масъалаи дигар душмании одамон бо якдигар аст. Масалан, як одам нисбати фалон одам менависад. Дар ҳамон замоне ки ӯ ҳоким буд, ягон гап шуда бошад, ҳамонро дубора берун мекашад.

Аммо ба воситаи прокуратура ҳама корро тафтиш кардан мумкин аст. Лекин ин маънои онро надорад, ки ин одам ҳатман гунаҳкор аст. То дар суд исбот нашавад, мо ҳеҷ касро гунаҳкор намекунем.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин парвандаҳоро мекушояд, маводро ҷамъ меоварад ва додгоҳ хулосаи худро мебарорад.

 


Интихоботи президентӣ ва парлумонӣ

- Соли оянда дар кишвар интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Се сол пас интихоботи президентӣ дар назар аст. Пешбинии Шумо чӣ аст? Аз нигоҳи шумо, чӣ тағйироти ҷиддӣ имкон дорад?

- Тағйироти куллӣ дар интихоботи парламентӣ бояд шавад, чунки насли нав ба миён омадааст, насли замони истиқлол, ки онҳо даъвои идора кардани давлатро доранд. Онҳо имконияти зеҳнию иқтисодӣ ҳам доранд. Вакилони нав, ки пайдо шуданд, андешаҳои нав пайдо мешаванд, баъзе қонунҳо дигар мешаванд, баъзе масъалаҳоро иҷозат медиҳанд, баъзе масъалаҳоро баръакс маҳдуд мекунанд.

Вале ин чиз пеши онҳо масъулият низ мегузорад, ки оё вакилони ҷавон зарфияти дуруст қабул кардани қонунҳоро доранд ё не? Агар дар байнашон 5-10 нафар вакили собиқадор бошанд, дар ин ҳолат онҳо роҳгум намезананд. Агар чизеро хато кунанд, собиқадорон онҳоро огоҳ мекунанду ба роҳи рост роҳнамоӣ мекунанд. Агар ҳама ҷавонон бошанд, аз ин ман пешакӣ ҳушдор медиҳам, ки оқибат сарашон ба деворе сахт мезанад.

Дар интихоботи президентӣ метавонад чанд гузина бошад. Масалан халқӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон худашон президенти худро интихоб мекунанд ва дар ин интихобот чанд номзад ҳатман бо ҳамдигар рақобат хоҳанд кард.

Тамоми дунё 30 сол шуд тахмин мекунад, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе президент мешавад. Вақте ӯ синфи 4 мехонд, ки ҳамин масъаларо аз ман пурсида буданд. Ман ҳамон вақт гуфта будам, ки монед мактабро хатм кунад, донишгоҳро хатм кунад, ду-се сол кор кунад, баъдан гӯям, ки чӣ мешавад. Аммо ҳоло ман пешбинӣ намекунам, зеро ин кори сиёсатмадорон нест. Сиёсатмадор ҳамеша ба манфиати худаш мегӯяд ва ман ҳам агар чизе гӯям, ба манфиати ҲХДТ мегӯям.

- Бархе коршиносон мегӯянд, ки барои ба курсии роҳбарии давлат нишастани Рустами Эмомалӣ замина фароҳам аст. Ӯ ҳоло расман нафари дуюми давлат аст, атрофи номаш чанд сол инҷониб чеҳрасозӣ идома дорад.  Шумо чӣ назар доред?

- Дар ҳақиқат он заминаҳое, ки ман мегуфтам, ҳоло гузошта шудаанд ва мардуми кишвар ҳам Рустами Эмомалиро дӯст медоранд. Ба хотири обод кардани пойтахт ва аз байн бурдани ҳолатҳои фасод. Инчунин, Рустами Эмомалӣ маҳалбозиро ҳам аз байн бурд. Ҳоло метавон гуфт, ки Рустами Эмомалӣ ҳама падидаҳои манфӣ ва бади шаҳри Душанберо аз байн бурдааст.

Ҳоло имкон ҳаст, ки ҲХДТ ва иттифоқҳои касаба Рустами Эмомалиро ба курсии президентӣ пешниҳод кунад ва имкони пирӯз шудани ӯ бештар аст.

 

Ҷангҳо кай поён меёбанд?

- Мехостам назаратонро дар робита ба вазъи сиёсии ҷаҳон, махсусан ҷанг дар Украина ва Фаластин донам. То куҷо ин вазъ ба ҷаҳони имрӯза таъсир мерасонад ва ояндаи он чӣ мешавад? Мавқеи Тоҷикистон чӣ гуна бояд бошад?

- Аз ҳама ҷиҳат таъсир мерасонад. Мисли “эффекти шабпарак”, ки аз болзании хурд то сунамӣ метавонад дунёро аз як рӯ ба рӯи дигар гардонад.


Дар ин миён мавқеи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва муносиб аст. Мо бетараф нестем ва мавқеамонро ба ҷанг дар Ховари Миёна гуфтем ва ҳамчун як кишвари мусулмон аз мавқеи худ дифоъ кардем. Аз сӯи дигар, шаҳрвандони мо набояд ба ҷанги Русияву Украина ширкат кунанд, ин ҷиноят ҳисоб мешавад.

Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки фишори зиёд ба муҳоҷирон дар Русия боиси нигаронии презинденти мо нашудааст. Аммо ба фикри ман, бештар аз ҳар нафар роҳбари давлат аз сарнавишти муҳоҷирон меандешанд ва қотеона фикр доранд, ки дар ин вазъият чӣ бояд кард.

- Аммо дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи муҳоҷирон ҳеҷ ҳарфе гуфта нашуд...

- Ҳама ҳарфе, ки дар он мулоқот баён гардид, шарт нест, ки расонаӣ шавад. Шарт нест, ки ҳама мардуми Тоҷикистон аз он огоҳ бошанд.

Справка по теме

Сайфулло Сафаров 12.11.1953 дар Кӯлоб зода шудааст. Риштаи таърихи ДМТ-ро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Як сол коромӯзи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар мавзуъи “Нақши давлатмеҳварии миллии шӯравӣ дар шаклгирӣ ва тавсеаи фарҳанги сусиёлизми халқҳои ИҶШ (дар мисоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон)” рисолаи илмӣ навиштааст. То соли 1995 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИТ кор карда, барои кор дар дастгоҳи давлатӣ даъват мешавад. Ҳамон сол мушовири калони президенти Тоҷикистон дар умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равобити байни миллатҳо таъйин мешавад. Дар соли 1998 муовини якуми раиси ҲХДТ ва соли 2001 муовини раиси МТС таъйин шуд. Қариб 20 сол аввал муовини раис ва баъдан ҳамчун муовини аввали раиси МТС кор карда, соли 2019 ба нафақа баромад. Ҳоло бо кори муаллимӣ машғул аст.

Русия ҳоло дар вазъияти хубе қарор надорад ва дар он ҷо дуҳокимиятӣ ҳукмрон аст. Барои ҳамин мо ҳам намехоҳем, барои корҳое, ки миллатгароёни рус анҷом медиҳанд, шарики стратегии худро аз даст диҳем ва бо мардуми Русия дар таноқуз ва зиддият бошем.

- Чанд рӯз пеш Доналд Трамп президенти ИМА интихоб шуд ва баъзе аз коршиносон тахмин мезананд, ки ҳамакнун сиёсатгузориҳои ҷаҳон тағйир меёбад. Худи Трамп гуфт, ки ба ҷангҳо хотима медиҳад. Оё воқеан ӯ метавонад ба ҷанг дар Украина ва Фаластин поён диҳад?

- Ман фол намебинам, вале гуфта метавонам, ки ин ҳама ба сиёсати минбаъдаи Трамп иртибот мегирад. Агар Трамп ба ҷангҳои ҷаҳонӣ хотима бахшад, номаш дар таърих сабт мешавад, ки аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ дунёро наҷот дод. Агар ҷои Трамп мешудам, роҳҳояшро мегуфтам, вале ба ҷои ӯ нестам. Танҳо гуфта метавонам, ки бояд минбаъд ба Украина силоҳ дода нашавад ва ин масъалаи мубрами рӯз аст.

 

“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”

- Бархе мегӯянд, ки ҳоло бидуни ришва зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Оё шумо тамоми ин муддат бо маошатон зиндагӣ мекардед ё даромади дигар доштед?

- Ман олим будам, олим мондам. Чанд соле, ки мушовири президент будам, 12 сомониву 50 дирам маош мегирифтам ва мақоми хидматчии давлатӣ ҳам надоштам, чунки он набуд, баъдтар пайдо шуд. Яъне, ман ҳатто хидматчии давлатӣ набудам. Дар МТС бо 120 сомонӣ маош корро сар кардам, вале вақте аз марказ баромадам, 3,5 ҳазор сомонӣ маош мегирифтам. Аз ҲХДТ ҳам се сол кор кардам, вале маош нагирифтам. Баъди ба нафақа баромадан бо кӯмаки оила ва фарзандонам аробаи зиндагиро мекашам.

- Оё боре ба Шумо пора пешниҳод кардаанд? Агар ҳа, чӣ кор кардед ва агар не ба фикратон чаро?

- Пешниҳод буд, вале нагирифтам. Як нафар омаду гуфт, ки ба президент расонам, ки ҳамон шахс одами хуб аст, як ҳавлии барҳаво “тӯҳфа мекунад”. Ман гуфтам, ки шуморо намешиносам ва ин корро ҳам карда наметавонам ва аз кабинет берун кардаму дигар роҳаш надодам. Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд.

- Фарзандонатон чӣ кор мекунанд?

- Як духтарам дар институти иқтисодиёт кор мекунад. Дигараш кори илмӣ мекунад.

Фарзани дигарам бо шавҳараш дар Русия аст ва он ҷо хона доранду ба тиҷорат машғуланд. Гоҳ-гоҳ духтарам модарашро даъват мекунад, вале ман намеравам ва зидди он ҳастам, ки шаҳрвандони мо шаҳрвандии Русияро дошта бошанд.

Ба оилаам ҳам гуфтам, ки ҳамин қадар сол дарси ватандӯстӣ гуфтем, акнун боз рафта шаҳрванди дагар давлат шавем? Ин барои ман қобили қабул нест. Нафақаҳое, ки медиҳанд, ба ҳамонҳое насиб кунад, ки рафтаанд. Ба ман даркор нест.


Як писарам дар вазорати корҳои хориҷӣ корманди техникӣ аст. Ӯ дипломат нест. Як духтари дигарам дар Чин таҳсил мекунад.

Як писари дигарам маъюби гурӯҳи дуюм ва дар хона ёрдамчии модараш аст.

- Дар 60 солагиатон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта будед, ки дороии шумо китобҳоятон аст, ки дар таҳхона аст. Ҳоло 10 сол гузашт, ба ин дороиҳоятон чӣ шуду боз чизе илова гардид?

- Камтар баҳра бурданд, чунки мардуми ҳозира ҳама чизро аз интернет мегиранд. Аммо ман китобҳоро гум накардаам ва ҳамаашро нигоҳ доштаам. Ҳозир ният дорам, ки аз мақолаҳое, ки дар бораи раисҷумҳур навиштаам, як китоб таҳия кунам. Аммо поям дардманд аст, халал расонида истодааст. Намегузорад дар сари мизи кори зиёд нишинам. Ба пушт истода кор кардан ҳам мушкил аст.

- Дар 70 солагӣ аз “умри полида” розиед ва кадом нақша ё орзуи амалиношудаатон боқӣ мондааст.

- Устод Бозор Собир 70 солагиро “умри полида” гуфтааст, ман 80-солагиро умри полида мегӯям. Ман ҳоло полидан намегӯям, чун ҳоло полиданро сар накардаам.

Орзуҳои амалинашудаам ҷамъ кардани китобҳо ва чопи онҳо аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.