Нафаре, ки ронандаи як автобусро дар Душанбе латукӯб ва баъдан фирор карда буд, боздошт шудааст. Навори шиканҷа шудани ронандаи автобуси хатсайри 3 аз ҷониби як мусофир чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва вокунишҳои зиёде дар пай дошт.
Пулиси Душанбе дирӯз, 11-уми ноябр дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар дод, ки ин нафарро боздошт кардааст. Дар иттилои ин ниҳод аз ӯ Самиев Саидшоҳ ном бурда мешавад.
“Номбурда санаи 29-уми октябр ҳангоми расидан дар назди Маркази савдои “Кӯшониён”, ронандаи автобуси мазкур Зоиров Б.-ро шадидан латукӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”, - омадааст дар хабари пулиси пойтахт.
Сабаби ҷанҷоли ин мусофир бо ронандаи автобус маълум нест.
Мақомот бар зидди Самиев бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237 кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз 36 ҳазор сомонӣ то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ба ин иттиҳоми пулис дастрас нест.
Ин бори аввал нест, ки аз ҷониби мусофирон зери шиканҷа қарор гирифтани ронандагони нақлиёти мусофирбар расонаӣ мешавад. Қаблан мақомот дар ҳодисаи мушобеҳ ба ин чанд нафарро боздошт карда буд.
Аз ҷумла, моҳи январи имсол ҳодисаи ҳамла ба ронандаи таксии ширкати “Як такси” дар Душанбе сарусадоҳои зиёд ба по кард. Гуфта мешуд, 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мусофире дар посух ба дархости ронанда Зиёвиддин Беков барои пардохти 37 сомонӣ ҳаққи сафар ба ӯ ҳамла карда, бо корд панҷ захм зада буд. Гуфта мешуд, ки ӯ баъди ин ҳолат аз ҷои ҳодиса гурехтааст.
Мақомот пас аз 6 моҳи ҷустуҷӯи ӯ, моҳи июл барои дарёфти гумонбар дар ҳамла ба ронандаи таксӣ 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон карда буд ва охири моҳи июл аз боздошти ин нафар иттилоъ дода, аз ӯ Абдуҷаббор Ғозиев ном бурд.
Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш гумонбаршаванда - Абдуҷаббор Ғозиев пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардидааст. Аммо мақомот мушаххас нагуфт, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандон кӯмак кардаанд ё на.
Аввалҳои моҳи октябр пулиси шаҳри Душанбе навори ҷузъиёти ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи ширкати “Як такси” дар шаҳри Душанберо нашр кард. Дар навор гуфта мешуд, Абдудҷаббор Ғозиев “пас аз анҷом додани ин ҷиноят дар охири моҳи январ барои содир кардани дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуда, ба зиндон фиристода шудааст”. Аз ҳамин сабаб мақомот натавонист, ки ӯро сари вақт боздошт кунад.
Мақомот бар зидди Абдудҷаббор Ғозиев барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парванда боз карданд ва ҷазо барои дуздӣ ҳам бояд ба он якҷо мешуд.
Аммо дигар иттилоъе нашр нашуд, ки ин қазия то куҷо расидааст ва нисбати Абдудҷаббор Ғозиев чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста