Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Конфронси саввуми иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 5-6-уми ноябр дар Берлин доир гашт, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон назди худ вазифа гузоштааст, ки то соли 2015 коркарди нахи пахтаро пурра дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монад.

Ғ,Бобозода ҳамчунин зикр кардааст, ки алюминий ва пахта аз Тоҷикистон аслан чун ашёи хом содирот карда мешаванд, ҳарчанд дар дохили ҷумҳурӣ шароиту имконоти коркарди амиқтари он низ мавҷуд аст. «Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, ҳарчӣ бештар коркарди ашёи хомро дар дохили кишвар роҳандозӣ намояд», - афзудааст ӯ.