Хуҷанд. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Корҳои лоиҳаи мустаҳкамкунӣ ва тозакунии соҳили чапи обанбори Қайроққум тавассути маблағгузории Бонки халқии Қазоқистон дар ҳаҷми 30 млн. танга (840 ҳазор сомонӣ) анҷом ёфт.

            Тавре сардори муассисаи механиконидашудаи сайёри рақами 41-и «Суғдобсохтмон» Ҳаким Раҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар доираи татбиқи лоиҳа наҳрҳои обёришавандаи пойгоҳҳои обкашии «Маҳрам» тоза карда шуда, сарбанди муҳофизатӣ бунёд гардид, вале то ҳанӯз ҳамаи корҳо дар ин самт пурра анҷом наёфтаанд ва интизорӣ меравад, ки марҳилаи дуввуми амалисозии лоиҳа шурӯъ мешавад.

            Ҳ.Раҳимов мегӯяд, зарурати татбиқи лоиҳа бар он асос ёфта буд, ки соҳилҳои обанбор аз шусташавӣ нигаҳдорӣ карда шаванд. «Чун қаъри обанор аз лойқа пур шудааст, аз ин рӯ, дар сурати аз сатҳи муқаррарӣ боло рафтни об, обзеркунии заминҳои корами соҳил аз эҳтимол дур набуд», - таъкид сохт ӯ.