Душанбе. 19-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз масеҳиёни православии Тоҷикистон бузургтарин иди динии худ – Пасха ё эҳёи Исои Масеҳро дар калисои Свято-Николскии шаҳри Душанбе ҷашн мегиранд.

Тибқи ривояти китобҳои муқаддаси дини насронӣ, Исои Масеҳ дар рӯзи чаҳоруми чормех шуданаш аз нав эҳё гардид, ки он рамзи пирӯзӣ бар гуноҳ ва марг буда, подоши ранҷу машаққат шумурда мешавад.

Масеҳиён дар ин рӯз бо нидоҳои «Исо зинда шуд!» ҳамдигарро шодбош мегӯянд.