Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл писари президенти Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ якдилона муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Дар анҷумани IX -уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон, ки дар кори он 120 вакил аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доштанд, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Маликшо Неъматов раиси нави Иттифоқи ҷавонон интихоб гардид.

Ба гуфтаи раиси нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи муовини раиси Иттифоқи ҷавонон ба таҳкими иттифоқ ва рушди фаъолияти минбаъдаи он таъсири мусбат хоҳад гузошт. Бо ишора ба ташкил кардани дастаи футболи «Истиқлол» ва иштироки муваффақонаи он дар мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои лигаи олии ҷумҳурӣ, М.Неъматов гуфт, ин худ таҷассумгари дастгирии соҳаи варзиш аз ҷониби Рустами Эмомалӣ аст.

М.Неъматов афзуд, Рустами Эмомалӣ хатмкунандаи факулати иқтисодиву молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, феълан шунавандаи Донишгоҳи давлатии Маскав аст ва дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ фаъолият дорад.