Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҷониби бонкҳо ҷудогардида то имрӯз беш аз 64 млн. сомонӣ баргардонида шуд.

               Тавре сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, айни замон беш аз 101 ҳазор тонна нахи пахта дар корхонаҳои коркарди пахта нигаҳдорӣ карда мешавад. «Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, зеро дар бозори ҷаҳонӣ бар асари бӯҳрони молӣ ва коҳиши талабот арзиши ин навъи маҳсулот поин рафтааст», - гуфт ӯ.

               Дар мавриди самаранокии механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ номбурда гуфт, «агар бӯҳрони молӣ рух намедод, соли равон кишоварзон даромади хуб мегирифтанд. «Ғайр аз ин, агар бӯҳрони молӣ ба вуқӯъ намепайваст, хоҷагиҳо имрӯз ба маблағгузорӣ ҳам ниёз намедоштанд», - афзуд С.Маҳмадиев.