Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Хазинаи глобалии экологӣ Моник Барбут изҳор дошт, ки дар мудатти 18 соли фаъолият хазинаи мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 млн. $ ба сифати ҷудо кардани бурсҳо кӯмак карда, инчунин баҳри ҷалби кӯмакҳо ба Тоҷикистон ба маблағи 47 млн. $ аз кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.

            Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон атрофи масоили марбут ба гармшавии сартосарии сайёра, чораҳои пешгирии обшавии пиряхҳои ҷумҳурӣ ва нест кардани партовҳои саноатӣ, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишвар боқӣ   мондаанд, гуфтушуниди судманд сурат гирифт. «Тайи 3 соли ахир Хазина дар қаламрави Тоҷикистон панҷ лоиҳаи вобаста ба ҳалли мушкилоти экологиро амалӣ месозад», - гуфт ӯ.

            М.Барбут афзуд, Хазинаи глобалии экологӣ барои пешгирии такрор нашудани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки соли равон ҷумҳурӣ ба онҳо мувоҷеҳ гардид, низ кӯмак хоҳад кард.