Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дипломати воломақоми Чин давоми рӯзҳои 18-19 май дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Дар назар аст, ки дар доираи сафар Ван И бо ҷониби Тоҷикистон масоили таҳким ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
Гуфта мешавад, дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Чин аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, инчунин мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти сафар Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи солҳои 2024-2025 ба имзо мерасад.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста