Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки бекор кардани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» иштибоҳи ҷиддӣ аст. «Дар лоиҳаи нави қонун мақоми забони русӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, маърифати ва илмӣ ба таври бояду шояд ба эътибор гирифта нашудааст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шабдолов, дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ забони русӣ чун забони муоширати байнулмилалӣ эътироф шудааст ва дар қонунгузории кишвар мо наметавонем онро нодида гирем. «Гузашта аз ин, мебояд онро ҳам ба назар гирфт, ки забони русӣ яке аз забонҳои расмии СММ маҳсуб мегардад», - иброз медорад ӯ.
Мавсуф зикр кард, ки «ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд ва ин амри табииву қонунӣ аст, вале маънои онро надорад, ки забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар ҶТ бекор карда шавад. «Албатта, мо бояд ба забони модарии хеш эҳтиром гузорем, вале бо як забони тоҷикӣ мо ҷое рафта наметавонем», - афзуд Шабдолов.
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста