Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар кони «Комсомоли»-и воқеъ дар маҳаллаи Лучоб ширкати Tethys корҳои пармакунии чоҳи иктишофиро оғоз кард.

            Дар маросими расмии оғози корҳо нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ва   президенти ширкати Tethys Petroleum Limited Дэвид Робсон иштирок карданд.

            Ба гуфтаи Д.Робсон, корҳои пармакунӣ дар чоҳ тахминан пас аз ду моҳ ба анҷом мерасанд. «Агар пас аз пармакунии чоҳ натиҷаҳои қаноатбахш ба даст оварда шаванд, корҳои пармакунии чоҳи дуввум шурӯъ гардида, умедворем, ки зимистони соли равон истихроҷи газ дар чоҳи аввал оғоз мегардад», - гуфт ӯ.

            Раиси ширкат ҳамчунин гуфт, тибқи маълумоти ширкатҳои мустақил, захираи газ дар қисмати шарқии кони «Комсомол» то 2 млрд. метри мукааб мерасад. «Ин миқдор ҳарчанд он қадр зиёд набошад ҳам, вале барои таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо гази худӣ кофӣ аст ва ба назари ман, ояндаи наздик аҳолии пойтахт дигар аз норасоии газ мушкилӣ нахоҳад дошт», - афзуд Д.Робсон.