Имрӯз ҷашни мавлуди абарустод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороист. Ба ин муносибат тасмим гирифтем, матлаберо, ки нависанда Марямбонуи Фарғонӣ ҳанӯз соли 2004 нигошта буд, пешкаши хонандагони Asia-Plus гардонем. Навиштаи Марямбону барои хонандагон аз ду ҷиҳат муҳим аст: якум, ин матлабест фарогири шаҷараи комил ва зиндагонии устод Шакурӣ; дуюм, пеш аз чопи аввалияаш муаллиф бевосита аз назари мусоҳиб гузаронидааст.

Аз Шакурӣ бӯйи Бухоро меояд!

Чашмони модар чархак мезад, лабони хушкидааш моили сухангӯйӣ мешуданд, вале забонаш ёрои гуфтор набуд. Бемор намехост ба марг тан диҳад: фарзанди ятимаш рӯйи хона танҳо мемонад. Кампири ҳамсоя ба ҳалқи ҷавонзан об мечаконад ва Муҳаммадҷонро аз хона берун кардан мехоҳад, то тифли ҳаштсола шоҳиди ҷонкании модар нагардад. Аммо кӯдак аз сари болин дур шудан намехоҳад. Дили кӯчакаш эҳсос мекунад, ки аз ҳаёти волидааш дақиқаҳои башумор мондааст. Бинобар ин ба тарҳи рӯйи коҳидаи бемор зеҳн мемонад, то дар дилу дида сурати азизи модарро як умр ҳифз намояд.

***                      

Замонаи вазнин гӯиё одамиятро аз рӯйи замин бардошта буд. Мардуми замонасоз, ҳатто фарзанди калони хонадон пой аз остонаи ин хона барканд. Садри Зиё дар дами пирӣ танҳо монд ва дар гирди ин шамъи маҳфилафрӯз дигар парвонаҳои равшанидӯст парпарак намезаданд. Ӯ то нафаси охирин мекӯшид нуру зиё пошад, то Бухоро ба торикистон фурӯ наравад, вале замона каж мерафт, чашми маърифат кӯр мешуд…

Шарифҷон-махдуми Садри Зиё
Акс аз бойгонии хонаводаи Муҳаммадҷони Шакурӣ

­­­­- Он солҳо Ҳукумати Шӯро аз мардум тило ҷамъ мекард (гӯиё хазинаи торроҷгаштаи Бухоро кам буд), - ба ёд меоваранд Муҳаммадҷони Шакурӣ. - Ҳар кас, ки зар намесупорид, ҳабс карда мешуд ва азоби зиёд медид. Ҳатто бархе, агар саҳван ба рӯйхати тилодорҳо афтида бошанд, молу ҳолашонро мефурӯхтанду ба қавле, “ҷонашонро бо зар мехариданд”. Падари ман ҳам ба чунин рӯйхат афтиданд. Аз куҷо исбот карда мешуд, ки дар ин хонадон на зару лаълу гуҳар, балки китобҳои нодирро ҷамъ меоварданд ва ҳавлии Садри Зиё ганҷури сарватҳои маънӣ буд…

Модари камсуханам, ки Мусаббиҳа ном дошт, он рӯзҳо аз будаш камгаптар метофт. Воқеан, ӯро ҳам чанд муддат бо ҳамин қазия ҳабс карда буданд. Вай аз маҳбас бо касалии сил баргашт. Муштипар бештар рӯйи бистар дароз мекашид ва гоҳо хӯрок омода месохту аз дасти ман – писари ягонааш дошта, кӯтаҳ-кӯтаҳ сурфазанон ба ҳабсхона мебурд. Аламовараш, қиблагоҳиро дар яке аз ҳуҷраҳои Мадрасаи Ғозиён ҳабс карда буданд. Ин маскани илмро Мадрасаи Мирзомуҳаммадшариф низ мегуфтаанд. Азбаски мадраса замини зиёди вақф дошт, падарам аз он ҳуҷраеро харида, дар ихтиёри муллобачагони боистеъдоди камбағал мегузошт, то онҳо ҳам ройгон истиқомат кунанд ва ҳам аз ҳисоби даромади замини вақф каме маоши зиндагӣ ёбанд. Бо амри тақдиру ҷабри замона Шарифҷон-махдуми Садри Зиё шояд дар ҳуҷраи зархариди хеш рӯзҳои охирини умрашро бо азоби сангин паси сар мекард…

Муҳаммадҷони Шакурии хурдсол бо падараш Шарифҷон-махдуми Садри Зиё
Акс аз Радиои Озодӣ

Ва ниҳоят пас аз як соли марги падар модар низ аз олам рафт.

- Маро тағои шоирам Ҳабибуллоҳ-махдуми Авҳадӣ, ки чун хоҳарашон камсухану меҳрубон буданд, ба тарбия гирифтанд, - қисса мекунанд Муҳаммадҷони Шакурӣ. - Он давраи кӯдакиро ёд мекунаму дилам гум мезанад. Тағоям, ки дар китобхонаи вилоятӣ хидмат мекарданд, аз кор баргашта, бештар ба меҳмонхона медаромаданд ва танбӯр ба даст мегирифтанд. Ман ба кунҷе нишаста, соатҳо гӯш ба навои сози дӯстдоштаи аҳли Бухоро медодам. Воқеан, тағоям дар ин шуғл ҳаваскор не, танбӯрии комил буданд. Аз рӯйи таҳқиқоти адабиётшиносон, Авҳадӣ истеъдоди баланди шоирӣ дошта, аз ҷавонӣ эҷод мекардааст. Дар яке аз маҳфилҳо шоири 17-сола (тақрибан солҳои 1899-1900) ба Садриддин Айнӣ шеъре дар радифи «Офтоб» тақдим карда будааст, ки он дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷой дода шудааст. Муҳаққиқ А. Абибов маҷмӯаи ашъори Авҳадиро бо хати сирилик ба шеърдӯстон расонидааст, ки ин рубоӣ аз он дафтар намуна аст:

Шӯхе, ки миёни гулрухон шаҳдлаб аст,

Шӯри Аҷам асту фитнаҷӯйи Араб аст.

Кӯтоҳии он баёзи гардан ҳусн аст,

Яъне ки баёзи мӯъҷазу мунтахаб аст.

Вале аз бахти бад соли 1937 тағойи шоирамро ба Сибир бадарға карданд ва аз мурдаву зиндаашон дигар хабаре нашуд. Он соли наҳс Авҳадӣ тақрибан 55-сола буданд.

Устод Шакурӣ оҳи бадарде мекашанд ва қиссаро идома медиҳанд:

- Аммаам – Иқболой ҳамроҳи духтару домодашон дар Душанбе иқомат доштанд. Эшон маро, ки 11-12-сола будам, ба худ гирифтанд. Аммаам зани закиву шоиртабиате буданд. Дафтари баёзе доштанд, ки бештар вақт онро варақ мезаданд ва бо лаҳни ширин шеър мехонданд. Гоҳо ёди Бухоро мекарданду мегуфтанд: «Муҳаммадҷон, Садриддинхоҷаро гиред». Азбаски бо алифбои нав ошно набуданд, асарҳои устод Айниро ман хонда медодам. Воқеаҳои асар, ки барояшон ошно буд, бо тамоми ҷиддият гӯш меандохтанду лаззат ҳам мебурданд. Вале гоҳо бо нависанда розӣ шуда наметавонистанд. Масалан, образи Қорӣ-ишкамбаро сохта мегуфтанд. «Садриддинхоҷа муболиғаро аз ҳад гузаронидаанд, Қорӣ ин хел шахс набуданд», - норизо мешуданд аммаам. Чун шоҳиди зиндаи воқеаву ҳодисаҳои Бухорои ондавра буданд, мехостанд, ки тасвир низ воқеӣ бошад. Вале жанри интихобкардаи Айнӣ ба нависанда имконоти тасвирро фароҳам овардаву воқеаҳо аз асл то андозае дур ҳам рафта метавонистанд, ки ин табиист. Вале аммаам ба ин ҳеҷ розӣ шуда наметавонистанд.

Хотираҳои банда дар бораи ин зани оқилаву хушсавод доманадор аст. Агар дасти меҳри аммаам ба сарам намебуд, кӣ медонад, ҳолам чун мешуд…

Чашмони камнури устод ба сӯе дӯхта мешаванд. Оромиро халалдор кардан хуб нест. Шояд эшон хаёлан сайри Бухоро доранд. Симои азизони худро пеши назар меоваранд...

Бухорои Шариф… Ай гаҳвораи тамаддуни тоҷик! Ай зодгоҳи лафзи дарӣ! Ай нигини бебаҳо дар ангуштарини Осиё! Ай маркази дини Ислом дар Осиёи вусто! Ай ҳам марзу ҳам маскани илму ҳунар! Ту дар давоми асрҳо олимону шоиронро манбаи илҳом будиву ғосибону «ғолибон»-ро кисаҳои пур аз зар. Ба сӯйи ту, ба марзи покат аз ақсои олам бархе ба умеди дониш андӯхтану маърифат ёфтан, ҷамъе барои сиёсат намудану бахше баҳри тиҷорат кардан меомаданду меомаданд. Аё шаҳри баъди Исмоили покгуҳар беборагардидаву бедарвоза, беҳудуду бекаронам, Бухорои Шариф! Аё шаҳри ормонӣ, ҳеҷ аз гузаштагонат ёд дорӣ? Ёдат меояд, замоне дар гузари Чорхарос ҳавлие буд, ки аз он атрофу акноф нуру зиё мегирифт? Мегӯянд, соҳиби он ҳавлии дарун ба дарун Шарифҷон-махдуми Садри Зиё буд. Ва ин ҷою макон бо китобхонаи бемислаш ба ӯ аз падараш – қозикалони Бухоро Абдушакур мерос монда буд. Агар хотираи таърихиат заиф нагашта бошад, медонӣ, ки падари Садри Зиёро Оят тахаллус буду табъи равонаш шеърбор! Нахустин шеъри ноб дар васфи туву бӯйи ҷӯйи Мӯлиёнат бо забони форсии тоҷикӣ эҷод гардида буд. Домани меҳрат дар давоми садсолаҳо ончунон удабову уламову фузалоро парварид, ки ҳисоб надорад.

Абдушакури Оят аз садҳо, балки ҳазорҳо андалебгуфторонат яке буд, ки ин сон зебо тараннум мекард:

Ба тақлиди ҷунун з-он душмани номусу фарҳангам,

Ки шояд он парирӯ аз сари шӯхӣ занад сангам.

Мусаффо манзаре кардам сафед аз баҳри ташрифат,

Биё, биншин ба чашмам, гар малулӣ аз дили тангам.

Забон дар кеши мо худ маҳрами асрори дил набвад,

Магар аҳволи дил гӯяд ба гӯшат зардии рангам…

Муҳаммадҷони Шакурӣ ва Марямбонуи Фарғонӣ
Акс аз бойгонии Марямбонуи Фарғонӣ

- Устод, аз рӯйи шунидам, падару бобои Абдушакури Оят аз Чорҷӯй буданд. Чанд пушт гузаштагонатонро медонед?

- Аҷдоди падариам аз тоҷикони Чорҷӯйи аморати Бухоро (ҳоло мулки Ҷумҳурии Туркманистон) будаанд. Яъне падари Шарифҷон-махдуми Садри Зиё Қозӣ Абдушакури Оят, падари Оят Мулло Абдурасул, падари Абдурасул Мулло Насруллоҳи Чорҷӯйӣ буданд. Гузаштагони Мулло Насруллоҳ хама ба китобу дониш алоқаманд бошанд ҳам, мояи зиндагиро аз паси меҳнати пуразоб меёфтаанд. Эшон корхонаи шустагарӣ (оҳарзанӣ) дошта, ба шустану оҳарзании матои суфи хоми бофандагони маҳаллӣ машғул будаанд. Мулло Насруллоҳи соҳибкорро аз Чорҷӯй ба Бухоро шавқу рағбати донишандӯзӣ овардааст. Ӯ барои соҳибмаърифат гаштани писараш Абдурасул тамоми саъю ҳаракатро мекунад. Мулло Абдурасул, ки дар андак вақт байни уламову удабо ва фузалои Бухорои шариф мақому мартаба ёфта буд, дар навбати худ писараш Абдушакурро ба илму донишандӯзӣ ҳидоят намуд. Абдушакур улуми замони хешро аз худ карда, байни хосу ом ангуштнамо гардид. Аз ин рӯ, ӯро бо эҳтиром Мавлоно Абдушакур мехонданд. Вай дар аҳди Амирмузаффар ба мансаби қозикалонӣ расида бошад ҳам, аз назари банда, пешаи аслиаш, ки мударрисӣ буду бо тахаллуси Оят шеър ҳам мегуфт, истеъдоди Худододаш муҳимтар метобад. Ва боз хизматҳои фарзанди накӯномаш Шарифҷон-махдум шоёни таъкиду таҳсин аст.

Шарифҷон-махдум яке аз чеҳраҳои маъруфи охири асри ХIХ ва авали асри ХХ-и милодӣ буда, садри равшанфикрони Бухоро эътироф шудааст. Садри Зиё пешрафти ҷомеаро дар маърифатнокӣ медид ва пояи сиёсату давлатдориро дар адолат. Ҳамин андешаи дуруст ӯро раҳнамо буд. Вале чархи каҷрафтор коре кард, ки оқибат ҳолаш ба танг омад: на ҳукуматдорони тоинқилобӣ ба қадраш расиданду на шӯравиён…

- Устод, гузаштагони модаратон-чӣ? Эшон аз кадом дудмон будаанд?

- Бобои модариамро Абулфазли Сирати Балхӣ мегуфтанд. Зодгоҳи Абулфазл Балх буда, баъд аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ баҳри давом додани таҳсил ба Бухоро омадаанд. Пас аз хатми мадраса ба Балх барнагаштаанд. Дар Бухоро хонадор шуда, то охири умр (1898) ба кори таълиму тадрис машғул будаанд. Донишманд, олим, шоири тоҷик Сирати Балхӣ дар ҳаёти илмиву адабии нимаи дувуми асри ХIХ-и Бухорои Шариф нақши муҳиме доштааст. Маҷмӯаи ашъори Сират низ бо кӯшиши адабиётшиноси тоҷик А. Абибов дар хати срилик ба дасти ҳаводорони осори манзум расида буд.

Эй каҷкулаҳ! Аз ту гила дорам ба ду чиз:

Дер омадиву зуд гузаштӣ ба ситез.

Ашкам, ки ба гӯшаи кулоҳат ҷо ёфт,

Аз баҳри Худо, кулоҳ “каҷ дору марез.”

Ин байтҳо намуна аз ашъори бобоям Сират аст.

- Сират ба ғайр аз модаратон Мусаббиҳа ва тағоятон Авҳадӣ фарзандҳои дигар ҳам доштанд?

- Бале. Ба ғайр аз Ҳабибуллоҳ-махдум боз ду тағои дигар доштам. Эшон солҳои НЭП (сиёсати нави иқтисодӣ) дӯкони баққолӣ боз карда буданд. Чун сиёсати ҳукумати Шӯро нисбат ба НЭП дигар шуд, дӯкондорон ба азобу шиканҷа гирифтор шуданд. Тағоҳоям модарашонро гирифта, ба Афғонистон рафтанд. Шояд мехостанд ба зодгоҳи падар раванд. Намедонам, онҳо дар кадом шаҳри Афғонистон қарор гирифта бошанд. Ба ҳар ҳол, баъд аз ҷою ҷалолдор шудан ба бародарашон мактуб фиристодаанд, ки ҳамон хат боиси бадарға гардидани Авҳадии шоир шуд.

Боре Муҳиддин Олимпур аз Афғонистон ба номи ман мактубе овард. Он аз як тағобачаам буда, менавишт, ки бибиам ва тағоҳоям аз олам даргузаштаанд. Дар нома чандин нафар номбар шуда буданд, аз зиндагиву кору борашон маълумот буд, вале ман намедонистам, ки онҳо фарзандони кадом тағоям бошанд. Зоҳиран фиристандаи мактуб фикр мекардааст, ки ман онҳоро ном ба ном мешиносам. Назар ба шунидам, ҷиянҳои модари раҳматиам аксаран аҳли маърифат буда, дар Балх, Мазори Шариф, Арабистон, Олмон, Амрико ва дигар ҷойҳо зиндагӣ мекардаанд.

- Дар Бухоро аз наздиконатон касе мондааст? Хонаи падарӣ дар дасти кӣ бошад?

- Ба ростӣ, намедонам, ки дар он ҷо аз ақрабо киҳо барҳаётанд. Солҳои донишҷӯйӣ як гурӯҳ шарикдарсон дар боғи ҳукуматӣ бо устод Садриддин Айнӣ вохӯрдем. Эшон аз ҳар нафар “Шумо аз куҷо?” гуфта мепурсиданд. Ва ба ҳамин васила суҳбатро гарм нигоҳ медоштанд. Устод дар бораи номи зодгоҳ, хусусияти лаҳҷаву фолклори диёри донишҷӯй назари ҳамсуҳбатро мепурсиданд, андеша баён мекарданд. Навбат ба ман расиду фаҳмиданд, ки бухороиям, дубора суол доданд: “Аз кадом гузар ҳастед?” Гуфтам, ки аз Чорхарос. Устод ба ҳаяҷон омаданд. “Аз авлоди кӣ?” Афсӯс, ки он солҳо чун имрӯза имкониятҳои техникӣ умуман набуд. Он манзараи ҳаяҷоноварро бо сухан тасвир кардан имконнопазир аст. Чун гуфтам, ки писари Садри Зиё ҳатсам, чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафтанд. Мазмун, рӯзгореро, ки Шарифҷон-махдум гули сари сабади уламову шуарои Бухорои Шариф буд, пеши назар меоварданд. Пас аз чанде сар бардошта пурсиданд:

- Падаратон ба чӣ айб ҳабс шуда буданд, медонед?

Ман сабаби он бадбахтиро гуфтам.

- Дар ёд дошта бошед, ки он кас бо гуноҳи сиёсӣ ба маҳбас наафтодаанд. Ҳа, воқеан, фалониро медонед? - яке аз хешовандонамонро ном гирифтанд устод. Ман чизе нагуфтам. Садриддин Айнӣ ҳамин тавр боз чанд касеро ном гирифта, дар бораи ҳар яки онҳо ҳикояҳои аҷиб карданд, ки мутаассифона, ягон нафари онҳоро ёд надоштам...

Хонае, ки ман ба дунё омадаам, чунонки зикраш рафт, дар гузари Чорхароси Бухоро ҷой гирифта буд. Устод Айнӣ дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» ин хонаро ҳамчун манбаи нуру зиё муфассал тасвир кардаанд. Баъд аз сари падар хонаи мо ҳукуматӣ шуд. Дар ҳавлии берун чанд хонаводаро ва дар қисмати дарун як оиларо ҷой дода буданд. Китобхонаи моро мусодира карда, аввал ба ихтиёри китобхонаи вилоятӣ доданд, сонӣ як қисми китобҳоро ба Тошканд бурданд. Дарвоқеъ, дар шуъбаи дастхатҳои АУ Ӯзбекистон чанде аз онҳоро дидам, ки муҳри шахсии падарамро дошт. Садри Зиё дар ҳошияи он дастхатҳои нодир ишораҳо гузошта буданд…

Банда чанд сол муқаддам бо як гурӯҳ адибон ва бори дигар ҳамроҳи фарзандам Рустам ба зиёрати хонаи падар рафтам. Вале охирин дафъа маро ба он хона рухсат надоданд. Чанд рӯз дар меҳмонхонаи шаҳр зистем. Рустам, ки ҳаваси мусаввирӣ дар дил мепарварид, дар хунукии 33 дараҷа мекӯшид, ки ангораи хонаҳо ва гунбаду манораҳои куҳаншаҳрро рӯйи коғаз андозад. Ман дарун-дарун мегиристам…

Хонаи падар то соли 1994 поянда буд. Созмони “Офтоби суғдиён” дар талоши ба осорхона табдил додани манзили Садри Зиё буд, вале… Чун шунидам, ки хонаро сарватманде аз ҳукумат харидааст, зуд озими Бухоро шудам. Дар ҳокимхона гуфтанд: “Дер кардед, худи мо ҳам бехабар мондаем, ки иморатро кушода, аз чӯбаш хонаи дигар андохтаанд…”

- Бояд рӯҳи Шарифҷон-махдум ором бошад, ки аз насли он кас як даста олимону орифон рӯйи кор омадаанд.

- Шукри Парвардигор! Рӯзе, ки писари дуюмам – Анвар рисолаи докторӣ дифоъ мекард, дар айни зиёфат гуфт: “Айёми бачагӣ мо танҳо тахтапушти падарро медидем, ки пайваста чизе менавиштанд. Мо аз падар омӯхтану навиштанро мерос гирифтаем”. Ман дар ҷавоб гуфтам: “Аз афти кор, пушти падари Садри Зиё, яъне бобокалони шумо – олим ва шоири тоҷик Қозӣ Абдушакури Оят бисёр бақувват бадааст, ки он табъи эҷодкорӣ тавассути тахтапушти ман ба набераву абераҳояшон гузаштааст. Хуб карда будаам, ки шумо танҳо тахтапушти маро дидаед ва ибрат гирифтаед”. Воқеан, писаронам Шариф, Анвар ва Рустам ҳама олиманд. Духтари Шариф Ксения низ эҷод мекунад. Ӯ рассом аст. Фарзандонам аз бобову бобокалонҳои хеш фахр мекунанд. Ман писари нахустинамро ба ифтихори бобояш Садри Зиё Шариф ном гузоштаам. Вай фарзандашро Оят ном кард. Ояти мо дар мактаби тоҷикии назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳсил мекунад.                       

Муҳаммадҷони Шакурӣ бо писаронаш
Акс аз бойгонии хонаводаи Муҳаммадҷони Шакурӣ

Ин навиштаҳо пораест аз лавҳи хотироти банда, ки дар давоми солҳо андак-андак нақш ёфтаанд. Ман устод Шакуриро аз наздик бори аввал соли 1991 дар дафтари кориам дидаам. Он айём хабарнигори нашрияи «Садои мардум» будам. Солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), ки дӯсту душманро шинохта намешуд, зуд-зуд ба коргоҳашон (устод раиси Кумитаи истилоҳот буданд) ва гоҳо ба манзилашон мерафтам, то соате аз суҳбаташон баҳра барам, оромии рӯҳонӣ ёбам. Баъди суҳбати гармашон ба оянда бовар мекардам, дилгармона боз коғазу қалам мегирифтам. Сонитар, дақиқтараш соли 1996 барои маҷаллаи “Фирӯза” бо устод суҳбате оростем, ки дар поёнсуханаш омада:

“Бо устод Муҳаммадҷони Шакурӣ хайрухуш кардам, вале он рӯзу чанд рӯзи дигар дар таъсири суҳбати гарми эшон будам. Ба пиндорам, дафтари кори устод хонаи Садри Зиёро мемонад. Он ҷо фарде ба хотири фарҳанг машъалафрӯзӣ мекунад, балки худ гулханест, ки аҳли маърифат аз он шамъи ақлу дониши хеш мегиронанд. Дар тӯли чанд соате, ки дар ин даргоҳ будам, аз донишҷӯву унвонҷӯ то олимони шинохта даҳҳо нафар назди устод Шакурӣ меомаданд: яке бо хоҳиш, дигар бо маслиҳату машварат, савумӣ ҳамту барои дидорбинӣ. Ва бегумон ҳар яке аз ин хона хушнуду қаноатманд мебароянд. Ҳангоми хайрухуш дил мехост гӯяд, ки “Ҳеҷ гап не, устод, агарчи хонаи падарӣ бароятон хеле азиз буд ва кӯрдилоне онро хоку туроб кардаанд, Шумо худ дастаи нуре ҳастед аз чилчароғи он хонадони муътабар. Чароғи маърифати тоҷик дар тӯли қарнҳо гоҳ оламро нур мебахшиду гоҳ хира месӯхт, ҳаройина хомӯш намешуд. Боз аз ин қавми коҳидарӯҳ афроде ба миён меомаданду чароғи хирасӯзро нерӯи дигар мебахшиданд, ҳамон сон ки дар қарни гузашта Шарифҷон-махдум машъали ҷони худро манбаи шамъафрӯзии аҳли адаби Бухоро карда буд… “

Ҳамон қудрату тавони ботинӣ ва равшандилии меросӣ буд, ки дар миёни солҳои пурошӯб, ки кишвар андар обу оташ қарор дошт, ин абармард худро набохтанд. Зуд-зуд эшонро дар кӯчаву хиёбонҳо, дар ҷашну маҷлисҳои гуногун, бештар ҳамроҳи ҳамсарашон Дилафрӯзи Икромӣ мебинем, ки устод дар ҳаққи эшон “як пора меҳр асту бас” мегӯянд.

Қомати расо, сари баланд, лабони андаке фишурда ва нигоҳи андешаманд… Бале, ин сару қомат ҳеҷ хам нашуд, агарчи дар қатори ҳазорон нафар мухлисону хайрхоҳон нотавонбинону ҳасудон низ дошт ва ҳарчанд даҳу саду ҳазор дӯст гоҳо дар муқобили як нафар душман коре карда наметавонанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин чанори қавӣ аз боду тӯфони рӯзгорон парвое надорад. Ба рағми ғанимон бо оромиву тамкини беандоза пайваста нури чашм рӯйи коғаз мерезад. Дар ин миён (аз солҳои 1996 то 2004) “Хуросон аст ин ҷо”, “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ”, “Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон”, “Садри Бухоро”, “Инсонгаройи омӯзиш ва забони миллӣ”, “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист”, “Ҷусторҳо дар бораи забону адаб ва фарҳанги Тоҷикистон”, “Рӯзномаи Садри Зиё” дар нашриётҳои мухталифи Душанбеву Хуҷанду Теҳрон ба табъ расидаанд. Муҳаққиқон осори Муҳаммадҷони Шакурии Бухороиро 42 китоб ҳисоб кардаанд. Адади мақолаҳо 536-то буда, ба гуфти муаллиф, аксари онҳо дар мавзӯи рӯз бо назардошти ду-се рӯз навишта шудаанд, вале аз нигоҳи пажӯҳишгарон онҳо имрӯз ҳам аҳамиятноканд.

Эй азиз! Бешак ту борҳо устодро дар хиёбонҳои Душанбешаҳр дидаӣ. Бале, эшон ҳар субҳи сешанбеву ҷумъа дар даст кифи чармине ҷониби Академияи улум бардам-бардам қадамзанон мераванд. Мехоҳӣ, дар мулоқоташон бошӣ? Истиҳола накун, устоди мо инсони бетакаббур ҳастанд, аз ин рӯ, салом деҳу зуд худро шиносон. Барои он кас шоҳу гадо – баробар. Чун саломашон додӣ, гӯиё туро як умр мешинохта бошанд, бо лаҳни хоси худ меҳрубонона, гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ мекунанд: “Шумо нағз ҳастед? Хона будагиҳо саломатанд? Салом гӯед. Инту ба хона биёед…”

Ва агар ту дур аз Душанбе зиндагӣ дориву дидори Шакурии Бухороӣ муяссарат нашуда бошад, аминам, ки ақаллан чанд асар ё мақолаи устодро хондаву равшандил гардидаӣ. Шояд дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” рӯйи мизи кориат бошад. Пас, ту эшонро хуб мешиносӣ. Охир, ҳама медонанд, ки Муҳаммадҷони Шакурӣ яке аз мураттибони ин мифтоҳи осори классикон ҳастанд, вале кам касон огоҳанд, кори дандоншикани мусаҳҳеҳии “Фарҳанг” аз ҷониби устод сомон ёфтааст.

“Ҳамон солҳо ба чашм сахт зӯр омад”, - боре дар омади гап гуфта буданд Шакурӣ.

Хусусан даҳ-дувоздаҳ соли охир он кас серкоранд. Боре гуфтанд, ки тамоми мақолаву осори худро таҷдиди назар карда истодаанд: «Дар зиндагиам ба чопи тозааш бовар нест-куя, ба ҳар ҳол, бо дастони худам ислоҳ дароварданам беҳтар аст».

Чашмонашон рӯз аз рӯз заифтар мешаваду ҳаҷми корашон зиёдтар. Ҷойи айнакҳои махсуси чашмро пурбинҳои пурқуввату калонандоза мегирад, ки дӯстони ирониву фаронсавӣ ҳадя кардаанд. Устод матни китобҳоро зери пурбин ҳарф ба ҳарф мехонанд ва дар ҳошия қайду ишораҳо мегузоранд.

“Ин воситаҳо ҷойи чашмро ба хубӣ гирифта наметавонанд. Дидаи бинои ман ин кас, - мегӯянд ба ҳамсари олимаашон, фарзанди нависанда Ҷалол Икромӣ ишорат карда устод Шакурӣ. - Бе Дилафрӯз ҷое рафтан намехоҳам. Бештар Бону матнро мехонанду ман гӯш мекунам ва лозим ояд, ислоҳ медарорам. Дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро дар Теҳрон ба чоп омода карданд. Аз мураттибони “Фарҳанг” имрӯз танҳо ман зинда мондаам, бинобар ин аз таърихи таълифи ин китоб сарсухане омода сохтем. Боз чанд китоби дигар чоп кадем, ки дар ин корҳо Дилафрӯз ёвару чашму рӯйи ман буданд”.
Муҳаммадҷони Шакурӣ бо ҳамсараш Дилафрӯзи Икромӣ
Акс аз бойгонии хонаводаи Муҳаммадҷони Шакурӣ

Пас, чашму дили мо низ рӯшан аст, эй ҳамназар! Насли хушбахтем, ки Муҳаммадҷони Шакурӣ барин бузургон мову туро ба Бухорои шариф мепайвандад. Ба назарам, аз Шакурӣ бӯйи Бухоро меояд!

Бо ризоияти муаллиф ин матлаб бо андаке ихтисор нашр шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.