“Бояд дар доираи қонунҳои кишвар тамоми восита ва имкониятро барои таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва суботи ҷомеа равона созем”, - гуфтааст Озода Раҳмон, собиқ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният. Мусоҳибаи ӯ 16-уми апрел дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шудааст.
Буҳрони коронавирус
“Ба назари ман, бо пайдо ва паҳн шудани вируси тоҷшакл (коронавирус), ҷаҳон ба буҳрони нави иқтисодӣ – молиявӣ дучор гардид. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои мову шумо ва мақомоти прокуратура дар баробари пешгирии пайдоиш ва паҳншавии вируси зикршуда, татбиқи ҳама чора ба хотири таъмини амнияти иқтисодии кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии он, сатҳи зиндагии мардум ва маърифати санитарии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад”, - изҳор дошт Озода Раҳмон.
Ӯ дар ин бобат ёдрас кард, ки соли гузашта бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи онҳо падару модар бояд фарзандонро дар рӯҳияи бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд, истеъмоли моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намуда, барои интихоби касб ба онҳо мусоидат карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд.
Баррасии кодексу қонунҳо
“Аз 451 кодексу қонуне, ки дар ҷаласаҳои Кумита (ҷамъ 24 ҷаласа) баррасӣ гардиданд, 183 адади он ё 40,5 фоиз, бевосита ба ваколати Кумита шомил буданд. Кумита бо таҳлили онҳо ва мутобиқ будан ба Конститутсияи ҶТ, дигар қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон нисбат ба 182 қонун доир ба ҷонибдории онҳо ба Маҷлиси миллӣ ва нисбат ба 268 адад ба кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ хулоса ирсол намуд”, - гуфт Озода Раҳмон.
Ба қавли ӯ, Маҷлиси миллӣ маҳз бо дастгирии хулоса ва ташаббуси Кумита 6 қонунро, бинобар ҷой доштани мухолифат ва норасоиву камбудӣ, ҷонибдорӣ накарда, онҳоро барои бартараф кардани нуқсонҳо ба Маҷлиси намояндагон баргардонид. Маҷлиси намояндагон аз як адади он даст кашида, бо бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 5 ададро такроран баррасӣ ва қабул карда, ба Маҷлиси миллӣ ирсол намуд.
Озода Раҳмон тарафдори он аст, ки шумораи қонунҳо камтару сифаташон беҳтар бошад. Аз ин нуқтаи назар, кӯшиш доштааст, ки бештар ба кодификатсияи онҳо бигзарем. “Дар иҷлосияи хотимавии даъвати гузашта ду кодексро ҷонибдорӣ намудем. Тавре огоҳӣ доред, ҳоло гурӯҳҳои корӣ дар арафаи анҷом додани таҳияи лоиҳаи кодексҳои экологӣ, маориф ва иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо қабули онҳо тахминан 30 қонуни амалкунанда аз эътибор соқит карда мешаванд. Ба назари мо, бояд лоиҳаи кодексҳои энергетикӣ, буҷет ва танзимкунандаи дигар соҳаҳо низ таҳия карда шаванд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз 61 қонуне, ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ шахсан аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ё дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати ҶТ пешниҳод ва қабул шуданд, 48 адади он ё 78,7 фоиз зимни фаъолияти якҷояи аъзои Кумита, вакилони Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният таҳия шуданд.
Хусусияти таҳририи тағйиру иловаҳо
“Қонун догма нест ва мутобиқ ба раванди муносибатҳои ҷамъиятӣ ба он пайваста тағйиру илова, аз ҷумла, таҳрирӣ, бо мақсади сайқал додани забон ва сифати он ворид карда мешавад. Забони ҳуқуқӣ аз забони лаҳҷавӣ ва бадеӣ фарқ дорад ва дар он истилоҳ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. Илова бар ин, меъёрҳои қонун бояд ҷавобгӯи мантиқи ҳуқуқӣ низ бошанд. Лекин тағйиру иловаҳое, ки аъзои Кумита бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардаанд, бештар хусусияти меъёрӣ доранд”, - иброз дошт Озода Раҳмон.
Дар ин робита ӯ зикр кард, ки тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба хизматчиёни давлатӣ маҳдудиятҳо, аз қабили манъи иштирок дар идораи ташкилотҳои тиҷоратӣ ва фаъолияти мақомоти ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ, кушодани суратҳисоб ва доштани пасандозҳо дар бонкҳои хориҷӣ пешбинӣ шуданд. Ё ин ки тибқи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд мекунад, ки матни он дар моддаи алоҳидаи қонун дарҷ карда шудааст.
Қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон
“Ҳуқуқи конститутсионӣ ба муроҷиат ин ҳуқуқи субъективии ҳар як шахс, воситаи таъмини иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, амалишавӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодии онҳо, алоқаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва яке аз шаклҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи зикршуда аз ҷониби аъзои Кумита дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва тибқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» беш аз 24 400 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ ва дар доираи салоҳият ҳаллу фасл карда шуд”, - қайд кард Озода Раҳмон.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста