Ходими барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Ҳунарманди халқии ИҶШС-ву Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар беморхонаи сироятии Зарафшон бистарӣ гардидааст. Гуфта мешавад ҳунарманд ба бемории коронавирус сироят шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи мӯътамад дар Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Худи Ҳошим Гадо дар мусоҳиба бо хабаргузории "Азия-Плюс" бистарӣ шуданашро тасдиқ намуда гуфт, ки "худро чандон хуб ҳис намекунад".
Аммо манбаъ мегӯяд, ки рӯзҳои ахир вазъи Ҳошим Гадо беҳтар шуда, вай ба зудӣ аз бемористон рухсат мешавад.
Ҳошим Гадоев 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.
Аз соли 1961 ба ҳайси ҳунарманд ва коргардони Театри драмавии тоҷикии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардааст.
Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.
Номбурда дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста