Таъмини ёрии ҳуқуқии давлатии ройгон ба аҳолии Тоҷикистон то кадом андоза самарабахш роҳандозӣ шудааст? Директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов бо натиҷагирӣ аз 5 соли фаъолият, пешравии назаррас ва масоили ҳалталаби соҳаро баён мекунад.

Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 таъсис шудааст. Мақсади фаъолияти муассиса ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

“Маркази ёрии ҳуқуқӣ” аз соли 2016 то 1-уми декабри соли 2020 ба 74716 нафар сокинони Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии якумдараҷа (бо шумули хизматрасонии ройгони ҳуқуқшиносони давлатӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр, машваратҳои инфиродии баъд аз ҷаласаи сайёр, паҳн кардани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ) ва дуюмдараҷа пешниҳод кардааст. Аз ин теъдод 41641 зан ва 33075 мард буда, аз шумораи умумӣ 2063 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.
Аксбардор: Нозим Қаландаров

Ёрии ҳуқуқӣ ва пешгирии сирояти коронавирус

- Дар замони хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 кадом тадбирҳо барои пешгирии сирояти кормандони “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар пойтахт ва минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ шуданд?

- Маълум аст, ки пандемияи COVID-19 ба ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири худро расонид. Албатта, бо дастурҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мо низ тадбирҳои зарурии беҳдоштиро ҷорӣ кардем. Зимнан барои ҳам ҳуқуқшиносони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҳам кормандони дастгоҳи марказӣ воситаҳои пешгирии сирояти коронавирус, ба монанди моеъҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои тиббиро харидорӣ кардем. Ба ғайр аз ин, дар утоқҳои кории дастгоҳи марказӣ чанд маротиба чораҳои беҳдоштиро амалӣ намудем. Хушбахтона, кормандони мо дар шаҳру ноҳияҳо ба ин бемории шадид гирифтор нашуданд.

Мувофиқи дастури роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо дар ҳамон давраи хуруҷи беморӣ, яъне аз аввали моҳи майи соли 2020 он ҳуқуқшиносони давлатиеро, ки синну солашон калон буд (мардони аз 55-сола ва занони аз 50-сола боло), ба рухсатӣ равона кардем.

- Ба рухсатии музднок ё бемузд?

- Ҳар кадоме, ки давраи музднокаш фаро расида буд, ӯро ба чунин рухсатӣ фиристодем. Нафарони дигар бо навиштани рақамҳои телефонашон дар даромадгоҳи утоқҳои корӣ, агар шаҳрвандон занг зада бошанд, аз хона ба таври фосилавӣ машварат доданд. Музди меҳнати онҳоро низ таъмин кардем. Яъне иҷозат додем, ки қариб як моҳ ба қабули шаҳрвандон дар утоқи корӣ машғул нашуда, аз манзилҳои истиқоматии худ фаъолият кунанд.

- Дар давоми соли 2020 то кадом андоза хизматрасонии фосилавӣ ба мардум бо истифода аз имконоти Интернету фанновариҳои муосир ва телефону паёмрасон роҳандозӣ шуд? Ё сокинони шаҳру ноҳияҳо дар ин марҳила бештар лозим донистанд, ки ба коргоҳи ҳуқуқшиносони давлатӣ рафта, мушкилоти худро арз бикунанд?

- Дар мавриди истифодаи фанновариҳои муосир гуфтан лозим аст, ки дастрасӣ ба Интернет дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст мушкилӣ дорад. Бо вуҷуди ин, мо имкон фароҳам овардем, ки мардум як барномаи махсуси рақамиро таҳти унвони “Ёрии ҳуқуқии ман” аз Google Play Market ва ё App Store ба телефонҳои мобилӣ боргирӣ карда, тавассути он суолҳои худро фиристанд. Ин замимаро яке аз шарикони рушди мо омода кардааст. Агар ба он суол ворид шавад, тавассути шарикон ҳатман ба ҳуқуқшиносони мо ирсол мегардад, ки бо пешниҳоди ҷавоби пурсиш ба мардум хидмат мерасонем.

Скриншоти замима аз Google Play Market

Рақамҳои телефони ҳуқуқшиносони давлатӣ дар утоқҳои кории онҳо, ҳамчунин бо ному насаб ва имайлашон дар сомонаи интернетии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” – www.salac.tj/contacts ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ навишта шудааст.

Айни замон 37 ҳуқуқшиноси давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳия фаъолият доранд. Рӯзҳои корӣ: аз душанбе то ҷумъа, аз соати 8:00 то 17:00. Сокинони маҳаллӣ ба ҳуқуқшиносони мо тавассути телефон муроҷиат карда метавонанд. Агар ҳуқуқшиносони давлатӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Вайбер, Имо, Телеграм, Вотсап истифода кунанд, шаҳрвандон ба ин восита низ имкони тамос бо онҳоро доранд.

Дар соли равон бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус мо ба ҳуқуқшиносони давлатӣ ҳатто ниқобҳои тиббиро барзиёд дастрас кардем, зеро онҳо ба мо гуфтанд, ки дар баъзе мавридҳо бархе аз шаҳрвандон ба утоқҳои корӣ бениқоб ворид мешаванд. Дар ҳолати ин масъаларо таъкид кардан, шаҳрвандон арз мекунанд, ки бо худ ниқоб надоранд. Ҳуқуқшиносони давлатӣ дар чунин вазъият ба онҳо аз ҳисоби ниқобҳои тиббии мо пешниҳод мекарданд.

- Яъне дар марҳилаи хуруҷи бемории сироятии COVID-19 (охири апрел ва моҳи май) ҳолатҳое низ буданд, ки ҳуқуқшиносони давлатӣ дар утоқҳои кории худ ба қабули шаҳрвандон машғул шуданд?

- Бале. Азбаски ба мо дастуре нашуда буд, ки ҳамаи ҳуқуқшиносони давлатӣ ба таври фосилавӣ фаъолият кунанд, кормандони то синни 50-сола ва нисбатан ҷавон дар ҳамон давраи авҷи сироятёбӣ низ шаҳрвандонро дар коргоҳи худ қабул ва мушкилоти ҳуқуқии онҳоро бевосита ҳал мекарданд.

- Оё шумораи муроҷиатҳо барои гирифтани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа дар 11 моҳи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли пеш коҳиш ёфт?

- Вақте мо ҳисоботи ёздаҳмоҳаро таҳлил кардем, албатта, коҳишёбӣ мушоҳида шуд. Фикр мекунам, ки вобаста ба ёрии ҳуқуқии якумдараҷа инро боис пандемия аст, чунки ба ҳар сурат дар як давраи муайян шаҳрвандони Тоҷикистон аз равуо ва муроҷиат ба мақомот худдорӣ карданд. Дар ин давра чун ҳама ҳуши мардум ба сироят нашудану эмин мондан банд буд, муроҷиати онҳо ба ҳуқуқшиносони давлатӣ низ камтар шуд.

Таҳиягари диаграмма: Баҳодур Акрамов

Дар мавриди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳам коҳишёбӣ мушоҳида мешавад. Лекин сабабаш танҳо пандемия буда наметавонад. Дар раванди расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (таҳқиқбаранда ва пешбарандаи тафтишоти пешакӣ) ва мақомоти судӣ ширкат меварзанд. Cубъекти дигар адвокатҳое мебошанд, ки бо мо шартнома имзо кардаанд. Онҳо ба феҳристи давлатии адвокатҳои расонандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа шомил гаштаанд. Ҳангоми ворид шудани дархост аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, онҳоро барои хизматрасонии ройгон мефиристем.

Дар ин ҳолат сабаби коҳишёбиро мо дар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мебинем. То қабули ин қонун ба шахсоне, ки забони мурофиаро намедонистанд, сарфи назар аз вазъи молиявиашон, дар ҷараёни парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешуд. Акнун мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур ҳамин қишри аҳолӣ – нафароне, ки забони мурофиаро намедонанд, танҳо агар ниёзманду камбизоат, яъне гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бошанд, ба онҳо ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа танҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ расонида мешавад. Татбиқи ин муқаррароти қонун то 1-уми январи соли 2025 давом мекунад. Сипас расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ ҳам таъмин мешавад.

“Қабули қонун – рӯйдоди фараҳбахш”

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, ки 4-уми июли соли 2020 қабул гардид, ба ҷараёни татбиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ таъсир гузошт?

- Бубинед, дар Консепсия баъд аз анҷом ёфтани давраи таҷрибакунонӣ, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ гардида буд.

Барои мо қабули он як рӯйдоди бисёр фараҳбахш аст. Дар ҳақиқат, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” тавонистем, дар асоси таҷрибакунонии Консепсия ҳамин қонунро таҳия созем. Он сипас аз тарафи мақоми олии қонунгузорӣ қабул гардид. Таъсираш чӣ гуна буда метавонад? Албатта, мусбат. Агар то ин вақт мо танҳо дар асоси Консепсия кори худро пеш мебурдем, аллакай имрӯз заминаи қонунии фаъолияти мо таъмин аст. Минбаъд мо дар асоси ҳам қонуни қабулшуда ва ҳам Консепсия, ки шурӯъ аз соли 2016 татбиқаш барои 8 сол пешбинӣ гардидааст, фаъолият мекунем.

- Оё муҳлати амалисозии Консепсия дар ин байн ягон сол тамдид шуд?

- Бале. Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 қабул шудааст.

Ҳамон сол барои татбиқи он “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” таъсис ёфт. Вале оғози фаъолияти мо аз соли 2016 аст. Тибқи Консепсия, 3 соли аввал давраи таҷрибавӣ, баъдан 5 сол давраи гузариш аст. Лекин мутаассифона, дар 3 соли таҷрибакунонӣ ба ҳамаи он натиҷаҳое, ки имкони таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро фароҳам созад, ноил шуда натавонистем. Албатта, ин сабабҳои объективӣ дошт, чунки барои амалисозии якчанд моделҳои пешбиникардаи Консепсия вақти муайян лозим буд, вале он саривақт татбиқ нашуд. Аз ин рӯ, пешниҳоди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро танҳо аз моҳи сентябри соли 2017 оғоз карда тавонистем. Чӣ хеле гуфтам, дар он ҷо чандин субъектҳо ҷамъ омада, бо онҳо ҳама чиз бояд мувофиқа мешуд. Дар ҳақиқат, як тартиби муваққатӣ ҳам қабул гардид ва онро амалӣ кардем. Ҳамин сабаб шуд ва мо бо шарикони рушд ба қароре омадем, ки давраи таҷрибакунонӣ як соли дигар – 2019 тамдид карда шавад. Ба ин тариқ, аз соли 2020 давраи 5-солаи гузариш оғоз ёфт ва Консепсия бояд то охири соли 2024 пурра татбиқ гардад.

1/10

- Иштирокдорони Форуми шашуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон, ки 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, аз ҷумла, бо қабули Эъломия чунин пешниҳод карданд: “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ба санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи кишвар мавриди омӯзиш ва такмилдиҳӣ қарор дода шавад”. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ҳанӯз ним сол нагузаштааст ва он аллакай ниёз ба тағйиру иловаҳо дорад?

- Форуми шашуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоишҳои қаблӣ низ майдони баҳсу мунозираҳои ҳуқуқшиносон будаву ҳаст. Мутаассифона, имсол бо назардошти пандемия вақташ маҳдуд буд. Солҳои пеш агар як рӯзи пурра ҷараён мегирифт, имсол ҳамагӣ ним рӯз давом дошт. Дар он намояндагон аз ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок доштанд. Зимнан имкони баҳсу мунозира дар гурӯҳҳо нашуд. Азбаски фурсат танг буд, ҳамаи иштирокдороне, ки фикру ақидаҳои худро баён доштанд, аз дидгоҳи худ ба масъалаҳо назар мекарданд.

Ҳамин пешниҳод дар он ҷо баҳснок буд. Зеро аксари иштирокдорони Форум аз навовариҳо ва тағйиру иловаҳое, ки тавассути қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ба дигар қонуну кодексҳо низ ворид карда шуданд, шояд хабар надоштанд. Мо зимни таҳияи қонуни мазкур ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, Кодекси мурофиавии граждании ҶТ ва ҳатто ба Қонуни ҶТ “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” низ тағйиру иловаҳо ворид кардем. Ин ҷо нофаҳмиҳое ҳанӯз ҷой доранд ва шояд баъзе муқаррароти қонунгузорӣ ба ҳама дастрас нашудаанд. Мо ҳозир тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”-ро таҳия карда истодаем. Умедворем, ки баъд аз анҷом додани ҳамин тафсир баъзе гуногунфаҳмиҳо паси сар мешаванд.

Аслан, қонун догма нест ва гуфта наметавонем, ки ҳанӯз шаш моҳ нагузаштаасту он мавриди такмил қарор дода нашавад. Албатта, такмилдиҳии қонунгузорӣ кори ҳамарӯза аст. Аз ин рӯ, дар Эъломияи Форум ҷойгир кардани ҳамин пешниҳод то андозае мувофиқи мақсад аст.

- Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” кай омода мешавад?

- Мо айни замон сари ин масъала кор карда истодаем ва таҳияи тафсири қонуни мазкур бояд дар аввали соли 2021 ба анҷом расад.

- Боз кадом масоили ҳалталаби ёрии ҳуқуқии ройгон зимни Форум баррасӣ шуданд ва чӣ тавсияву пешниҳодот буданд?

- Дар доираи Форуми шашуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон тавсияҳои дигар низ вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон баён шуданд.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки ҳамкории байни ҳуқуқшиносони давлатӣ, адвокатҳо ва мақомоти давлатӣ пурзӯр карда шавад.

Ҳамчунин барои баҳодиҳии сифати расонидани ёрии ҳуқуқӣ гузаронидани тадқиқот лозим дониста шуд.

Зарурати таҳлилу баррасии масъалаи муқаррар кардани нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати пардохти ҳаққи хизмати адвокатҳо низ таъкид гардид.

Ба ҷуз ин, тавсия шуд, ки меъёрҳо оид ба сифати расонидани ёрии ҳуқуқии баландихтисос ва тартиби гузаронидани мониторинг ва баҳодии сифати ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа таҳия карда шаванд.

Иштирокдорони Форум омӯзонидани мунтазами ҳуқуқшиносони давлатӣ, адвокатҳо ва шахсонеро, ки ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд, муҳим арзёбӣ карданд.

Робитаҳои судманд

- Ҳамкории “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

- Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои мо дутарафаю бисёрҷониба ва судманд ҳастанд. Мо ҳам бо мақомотҳои давлатӣ ва ҳам бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар алоқаи зич қарор дорем. Албатта, фаъолияти мо бе ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконнопазир аст.

1/7

Бо ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ бисёр чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор кардаем. Аз ҷумла, бо созмони ҷамъиятии байналмилалии PDV барои ҳуқуқшиносони давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила қариб ҳамасола чорабиниҳои омӯзишӣ мегузаронем. Ҳамчунин бо Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони дорои маъюбият “Ноил” ҳамкории фарогир дорем.

- Муассиса барои пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии Тоҷикистон (бо назардошти зарурати ҳамасола бештар кардани шумораи ҳуқуқшиносони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва батадриҷ афзудани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар миқёси кишвар) бояд аз сарчашмаҳои гуногун маблағи зиёд ҷалб кунад. “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” барои анҷом додани ин корҳои муҳим тӯли 5 соли охир аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешуд?

- Мувофиқи Консепсия, аз оғози фаъолияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” то соли 2020 хароҷоти мо дар ҳаҷми 10% саҳми давлат дар шакли таъмини коргоҳ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пешниҳоди махзани меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳармоҳа нав кардани он пешбинӣ гардида буд. Ҳамзамон 90% аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия пардохт карда мешуд.

Мо қариб ҳамарӯза бо намояндагони ин созмонҳои байналмилалӣ дар тамос ҳастем ва ҳама нақшаҳоямон муштараканд. Дар ҳамбастагӣ 5 соли пурра фаъолият карда тавонистем ва ҳамкориҳои мо созанда ҳастанд.
Фаъолияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва ғайрибуҷетӣ, ҳамчунин аз дигар манбаъҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, таъмин карда мешавад.

- Дар оянда масоили молиявиро чӣ гуна ҳал карданиед?

- Шурӯъ аз соли 2020 маблағгузории фаъолияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” аз ҷониби давлат ҳар сол ба андозаи 20 дарсад афзуда, минбаъд 100 фоизи хароҷот аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи қарори дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст. Умедворем, ки ин қарор то охири соли равон қабул мешавад.

“Кор бе мушкилӣ нест...”

- “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” дар давоми солҳои фаъолият дучори кадом мушкилот шудааст? Оё ҳамаи онҳо бартараф гаштанд, ё қисме то кунун ҳалталабанд?

- Дар ҳар ҷое кор бошад, бе мушкилию камбудӣ нест. Албатта, мушкилоти муваққатӣ буданд. Дар вақти таҳияи Консепсия баъзе чизҳо ба инобат гирифта нашуданд, чунки онҳоро бо назардошти воқеияти амалӣ пешбинӣ кардан ғайриимкон буд. Дар қадамҳои баъдӣ мо ба ин мушкилот нохост дучор мешудем ва барои ҳалли онҳо чора меандешидем. Баъзе мушкилотро то андозае бартараф кардем.

Яке аз масоили ҳалталаб он аст, ки айни замон роҳбарияти на ҳамаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ҳуқуқшиносони мо фаъолият доранд, моҳияти Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк кардаанд. Яъне раисони шаҳру ноҳияҳое, ки онро дуруст дарк намуда, нисбат ба ҳуқуқшиносони давлатӣ ҳамчун ёрдамчиёни худ муносибат доштанд, барои фаъолияти ҳуқуқшиносони мо дар маҳалҳо мусоидат карданд. Вале мутаассифона, роҳбарияти баъзе шаҳру ноҳияҳо барои пешниҳоди утоқи корӣ мусоидат намекунанд. Умедворем, ки ин масъала ҳалли худро меёбад. Мо кӯшиш дорем, ба роҳбарияти ҳамон шаҳру ноҳияҳо бо ҳар роҳу восита ва тарзу усул фаҳмонем, то нисбат ба ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳамчун як нафаре, ки барои ҳалли мушкили мардум дар он ҷо фаъолият мекунад, муносибат дошта бошанд.

Ҳуқуқшиносони мо дар ҳамаи ҷамоатҳое, ки дар ҳамон шаҳру ноҳияҳо ҳастанд, барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ бояд ҷаласаҳои сайёр гузаронанд. Барои ин мусоидату иҷозати мақомоти маҳаллӣ зарур аст.

Масъалаи дигар он аст, ки мо ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро айни замон тавассути адвокатҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин мекунем. Мутаассифона, ҷомеаи адвокатӣ аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва он тарзе, ки мо кор мекунем, ҳанӯз хушбин нестанд. Яъне онҳо барои 1 рӯзи фаъолияташон пардохт шудани як нишондиҳанда барои ҳисобро маблағи ночиз мешуморанд. Бо ҳамин сабаб на ҳамаи онҳо омодаи ҳамкориянд ва чунин вазъият то андозае дар пешниҳоди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа мушкилот ба вуҷуд овардааст.

Маблағгузорӣ аз тарафи давлат ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад. Агар лоиҳаи қарори дахлдор қабул шавад, фикр мекунам, дигар мушкилоте, ки имкони ҳаллаш набошад, вуҷуд надорад.

Скриншоти сомонаи Salac.tj

- Айни замон сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа дар бораи фаъолияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” чӣ гуна аст?

- Мутаассифона, айни ҳол гуфта наметавонам, ки то чӣ андоза мардум огоҳанду фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ босамар аст. Агар ба ин суол ҷавоб ҳам гӯям, объективӣ нахоҳад буд.

Ба ҳар сурат таҳлил мекунем ва то андозае барои мо аён мешавад: масалан, агар муроҷиати мардум ба ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳр ё ноҳияи муайян зиёд бошад, аз ин бармеояд, ки сокинони маҳаллӣ дар бораи фаъолияти ӯ огоҳии бештар доранд. Агар дар ҷое муроҷиат кам аст, шояд мардум чандон воқиф нестанд.

Дар назар аст, ки ояндаи наздик Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати муайянсозии сатҳи огоҳии мардум оид ба фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ як тадқиқоти муштарак анҷом диҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо пешбурди кори сомонаи интернетии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” – www.salac.tj, кормандони мо гурӯҳи фейсбукии муассисаро фаъол кардаанд. Ҳамаи хоҳишмандон ба сомонаи мо ва гурӯҳи мазкур ворид гашта, аз иттилооту машварати ҳуқуқӣ баҳравар шуда метавонанд.

Дурнамои фаъолият

- Нақшаҳои роҳбарияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” барои инкишофи минбаъдаи муассиса ва рафъи мушкилоти ҷойдошта кадоманд?

- Мо нақша дорем, ки то охири соли 2023 хизматрасонии ҳуқуқшиносони давлатиро дар 34 шаҳру ноҳияи боқимондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро дар тамоми қаламрави кишвар роҳандозӣ кунем.

Ҳамчунин ба таври мунтазам чорабиниҳои омӯзиширо барои беҳтар кардани донишу малакаи ҳуқуқшиносони давлатии амалкунанда ва нав баргузор мекунем, то онҳо мушкилоти мардумро дар шаҳру ноҳияҳо ҳал карда тавонанд ва машварати дуруст оид ба масоили гуногуни ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Умедворем, ки дар соли оянда пандемияи коронавирус коҳиш ёфта, вазъият беҳтар мегардад ва барои гузаронидани давраҳои омӯзишию татбиқи нақшаҳои дигари мо халал ворид намешавад.