Сар аз соати 23-и рӯзи 5-уми январ дар деҳоти Тоҷикистон лимити барқ ё реҷаи додани он ҷорӣ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Аз соати 23 то 6-и субҳ ба хонаводаи аксари аҳолии Тоҷикистон барқ дода намешавад.
Бино ба гуфти манбаъ ин тасмим бар пояи кам шудани сатҳи оби обанбори НБО Норак гирифта шудааст, ки айни ҳол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 метр поинтар будааст.
Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани хунукиҳои сибирӣ ба кишвар дар давоми ин ҳафта хабар медиҳад.
То чӣ вақт ин реҷаи додани барқ давом мекунад манбаъ хабар надод. Ҳамчунин манбаъ нагуфт, ки ин реҷаи додани барқ кадом шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.
Вале ин манбаъ ба "Азия-Плюс" бо бовари қатъӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя барқ содирот намекунад.
Тирамоҳи имсол то 10-уми декабр сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз он шикоят мекарданд, ки дар хонаҳояшон қувваи барқ барои соатҳои дароз қатъ мешаванд ва онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4-6 соат барқ доранду халос. Аммо ширкати "Барқи тоҷик" вуҷди лимити барқро дар кишвар инкор мекард ва мегуфт, ки ин ба корҳои таъмиру пешгирӣ дар шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо рабт дорад, ки имсол бар асари коронавирус дертар оғоз шуданд.
Аз 10-уми декабр ба ин сӯ тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар ба барқи доимӣ таъмин шуданд. Вале он замон бархе аз коршиносони захираҳои обиву энержӣ ба андозае басанда нестанд, ки барқи доимӣ то баҳор таъмин шавад ва эҳтимоли ҷорӣ шудани лимитро тахмин мезаданд.
Имсол камбуди барқ ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кард, ки барои сарфакорона аз ҳисоби ниҳодҳои давлатӣ Ситоди вижа таъсис бидиҳад ва ин ниҳод ба санҷиши истифодаи дурусти барқ дар кишвар масъул шуд.
Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳам дар паёми табрикии солинавияш аз сокинони кишвар талаб кард:
«Агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста