Шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо бунёд кунанд ва онро соҳиб шаванд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо истод ба шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки дар ин росто соҳибкоронро барои хусусӣ кардани "Боғи ҳайвонот" "ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад".
Пештар, 14 декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе барои бунёди «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар замин ҷудо карда буд.
Ҳамчунин сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи фанновариҳои муосир, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ
Ҳукумати Душанбе аз соҳибкорон ва тоҷирону хоҳишмандон хостааст, агар барои ин кор майл доранд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг бизананд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста