Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбеков дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин ки гӯё Тоҷикистон тавофуқоти ҳислшударо ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд.
Супурдани нота аз сӯйи ВКХ Тоҷикистон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нота супурда буд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-плюс” далели супурдани нотаро ба воқеият мувофиқат накардани изҳороти мақомоти Қирғизистон доир ба нақзи тавофуқоти ҳосилшуда аз сӯйи Тоҷикистон номиданд.
"Посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси пртоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст",-гуфтанд дар ВКХ.
Манбаъи мо дар ВКХ таъйид кард, ки ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам нота супорида шудааст.
ВКХ Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи созишномаҳои қаблан ҳосилшударо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии тарафҳо дар бораи таъину аломатгузории марз, инчунин протоколҳои мулоқоти кориро нақз мекунад.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд. Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Дар робита ба ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст.
Ин изҳороти дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ-ро хабаргузории расмии "Ховар" нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад изҳороти нашрнамудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста