Ҳукумати шаҳри Душанбе ба нафақагирони аз 75-сола болои пойтахт ба маблағи 100 сомонӣ ёрии якдафъаина мерасонад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ин кумаки якдафъаина ба нафақагирони дар боло зикршуда ҳамасола як бор расонида мешавад.
Як масъули ин ниҳод гуфт, ки ин маблағ ҳамасола дар тирамоҳ ба нафақагирон дода мешавад.
"Ин пул моҳҳои октябр ё ноябр ба онҳо дода мешавад. Яъне рӯйхати онҳоро ҳукумати ноҳия ба ҳукумати шаҳр пешниҳод мекунад ва баъдан маблағгузорӣ карда мешавад. Ва охири моҳи ноябр ин маблағро мегиранд. Дар ин бора ба онҳо ҳангоми гирифтани нафақа аз бонкҳои маҳалли зист ё ҳукумати ноҳия хабар расонида мешавад».
Ӯ ҳамзамон илова кард, ки нафақагирон метавонанд бо шиноснома ба бонкҳои ҷойи зист ҳозир гардида, маблағро бигиранд. «Ин пулро танҳо бо шиноснома мегиранд ва он ба кортҳои нафақагирии онҳо гузаронида намешавад».
Ба гуфтаи ин масъул дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аллакай додани ин кӯмакпулӣ оғоз шудааст ва бархе аз нафақагирон онро гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста