Музаффар Ашуриён, вазири адлия ва роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тунсии Чин, мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба вазъи Афғонистон бори дигар таъкид карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон аст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар суханронии худ манфиатҳои муштаракро ба рушди Афғонистон ҳамчун давлати аз нигоҳи сиёсӣ устувор, сулҳҷӯ ва рушдёбанда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, аз терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир озод аст, қайд кард.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор итминон намуд, ки мардуми Афғонистон бо тамоми таркиби этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар муайян кардани ояндаи кишвари худ бояд ҷалб карда шаванд.

«Ташаккули ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини ҳуқуқи инсон шарти бунёдии ба эътидол овардани вазъият ва ҳалли мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон буд», - қайд кард дар суханронии худ роҳбари ҳайати Тоҷикистон.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон борҳо зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳамаҷониба ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.

Дар ин робита зикр гардид, ки Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.

«Мо омодаем минбаъд ба ин раванд ҳамаҷониба кумак кунем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии он дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем», - таъкид кардааст Ашӯриён дар мулоқот. 

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, инчунин Ташаббуси Тунси барои дастгирии эҳёи иқтисод дар Афғонистон қабул гардид.

Дар Изҳороти муштарак дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон, ташаббуси раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон сабт шудааст.


Бояд гуфт, ки имрӯз, 31 март нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, баргузор мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Музаффар Ашуриён  роҳбарӣ мекунад.

Ҷониби Чин гуфтааст, ки ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд.

Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.