Ин манзара партовгоҳеро мемонад, ки солҳост беназорат аст. Ба нақли мардум, қисмати зиёди ин ахлоттӯдаро аз сохтмонҳои гирду атроф ба инҷо меоранд.

Сокинони ин мавзуъ аз вуҷуди ин партовгоҳи азим нигаронӣ доранд ва дар ташвишанд, ки дар оянда ба саломатии худ ва фарзандонашон хатари бузурге таҳдид мекунад. 

Ин яке аз бузургтарин партговгоҳҳо дар шаҳракии ҳарбии маҳаллаи маъруф ба Гипроземи шаҳри Душанбе аст. Онро тақрибан аз чор тараф биноҳои истиқоматӣ иҳота кардаанд. Ба ин ҷо аз тамоми гирду атроф мардуми партовҳоро меоранд. Ҳатто кӯдакони маҳаллаҳои гирду атров низ чорвои худро оварда дар ҳамин ҷо мечаронанд.

Танҳо мушкили партовгоҳ нест, ки мардуми ин атрофро ташвиш медиҳад, балки чанд вақт пеш як биносоз канализатсияи бинои сохтаашро ба ин куча гузаронд ва ваъда дод, ки роҳро таъмир мекунад, аммо тавре дида мешавад ин мушкилот то ба ҳол ҳали худро наёфтааст.

Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ низ мегӯяд, мутмаин нест, ки онҷо ҷойе барои партовгоҳ бошад, аммо ишора кард, ки партовгоҳҳои бузург бояд аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар масофаи на камтар аз 5-10 километр бояд сохта шавад.

1/3

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ки роҳи ҳали ин мушкилро меёбад. Раиси маҳалла Абдурауф Раҳмонов мегӯяд, инҷоро чанд соли ахир ва худсарона партовгоҳ карданд.

Ҳоло раиси маҳалла ва идораҳои дахлдоридигар дар пайи инанд, ки тамоми ин гирду атрофро поккорӣ кунанд.

Ҳамаи ин талошҳои мақомот ва масъулини маҳал, замоне шуруъ шуд, ки хабарнигори "АзияПлюс" бар пайи муроҷиати сокинон мехост, дар ин маврид гузориш таҳия кунад ва ӯ ба идораҳои дахлдор муроҷат кард то ба ин мушкил расидагӣ кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.