Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев пас аз як соли таъмиру бозсозӣ рӯзҳои наздик бозгушоӣ мешавад. Дар назар аст, дар маросими бозгушоӣ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад.
Бозсозии Филармонияи давлатии Тоҷикистон тобистони соли 2023 оғоз ёфт ва бештар аз як сол давом ёфт. Дар асоси нақшаи таъмири бино, саҳни берун ва намои филармония пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи миллӣ оро ёфтааст.
Аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ба ҷуз саҳни берун ва намои бино, ҳамчунин толорҳои асосӣ, сабти овоз, ороиш, либосовезӣ низ пурра навсозӣ шуда, барои баргузории барномаҳои консертӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуд.
“Таъмири толори асосӣ ва садоафзоҳо имкон фароҳам меорад, ки барномаҳои зиндаи консертӣ дар сатҳи баланд баргузор гардад”, - гуфтанд аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
Инчунин, мизу курсии толори асосӣ ва дигар толорҳо, ҷиҳози бино, роҳравҳову ҳоҷатхонаҳо ва дар умум, ҳамаи инфрасохтори Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ иваз ва таъмиру бозсозӣ шудаанд.
“Бино ба шабакаи гармидиҳӣ низ пайваст карда шуд”, - гуфтанд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои дастрас, барои таъмири куллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бештар аз 60 миллион сомонӣ сарф шудааст ва ҳамакнун, дар назар аст, рӯзҳои наздик бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар бозгушоӣ гардад.
Масъулин зикр карданд, ки нақша доранд маросими бозгушоии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро бо баргузории барномаи фарҳангӣ доир намоянд. Дар ин барномаи консертӣ иштироки 40 сароянда, 76 мутриб ва 4 ансамбли рақсӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, масъулини Филармонияи давлатии Тоҷикистон нақша доранд 86-солагии ин ошёни ҳунарро бо ҷалби ҳунармандони машҳури Тоҷикистон мисли Ҷӯрабек Муродов, Муродбек Насриддинов, Ҳаётой Муминова ва дигар устодони санъат таҷлил намоянд.
Бояд зикр кард, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 10-уми декабри соли 1938 таъсис ёфта, давоми даҳсолаҳо барои бештари ҳунармандони шинохтаи кишвар ба мактаби санъат табдил ёфт.
Ҳоло дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ягона оркестри созҳои халқӣ фаъолият дорад.
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста