Дар мусобиқаи “Russian Judo Tour”, ки рӯзҳои 21-ум ва 22-юми декабр дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ҷудокорони тоҷик як медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 варзишгар-Муҳаммадсолеҳ Қувватов (- 60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ (- 66 кг), Муҳиддин Асадуллоев ва Муҳаммадин Лоиқов (- 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (- 100 кг) намояндагӣ карданд.
Эмомалӣ Нуралӣ баъди ҷароҳати моҳи август дар Олимпиадаи Порис медал ба даст овард. Ӯ баъди шикаст додани ҳарифони худ аз Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба финал баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ бо Муҳриддин Тиловов аз Ӯзбекистон куштӣ гирифта, ӯро шикаст дод ва соҳиби медали тиллову 400 ҳазор рубл гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Кароматулло Ҳакимов пас аз шикасти ду рақиби худ аз Русия ба финал роҳ ёфт. Аммо дар ин дар даври ниҳоӣ ӯ дар баробари Денис Коротаев (Русия) мағлуб шуд. Ҳамин тавр, ӯ медали нуқраи мусобиқа ва 200 ҳазор рубл ба даст овард.
Ба ҷудокорони дигари тоҷик имкони медал ба даст овардан даст надод.
Қаблан дастандаркорони мусобиқаи “Russian Judo Tour” гуфта буданд, ки дар он 185 варзишгар аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Бразилия, Юнон, Исроил, Эрон, Қазоқистон, Канада, Қибрис (Кипр), Қирғизистон, Куба, Молдова, Муғулистон, Румонӣ (Руминия), Сербистон (Сербия), Ислувенӣ (Словения), Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 11,2 миллион рубл аст. Барандаҳои медали тилло 400 ҳазор, нуқра 200 ҳазор ва биринҷӣ 100 ҳазор рубл ба даст оварданд.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста