Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и “Роғун” 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Вазоарти молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, созишномаро рӯзи 20-уми декабр Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Константин Лимитовский, ноиби президенти БОСИ дар шаҳри Пекини Чин ба имзо расондаанд.
Манбаъ мегӯяд, БОСИ барои сохтмони “Роғун” дар умум 500 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, ин маблағ барои Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо масраф мешавад.
Ҷузъиёти дигари ин созишнома ошкор наушдааст.

Чанд рӯз пеш Бонки ҷаҳонӣ низ барои сохтусози (НБО) “Роғун” 350 миллион доллар ҷудо карда буд. Ин маблағ аз ҳисоби маблағи грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) анҷом додааст. Бар ивази ин Тоҷикистон уҳдадор шудааст, то 3% (баъди анҷоми сохтмон то 5 %)-и даромад аз фурӯши нерӯи барқро барои ҳимояи қишри камбизоати аҳолӣ равона кунад.
Дар аввал гуфта мешуд, ки "Роғун" аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ сохт мешавад. Барои ҷамъоварӣ фурӯши саҳмияҳо ҳам ба роҳ монда шуд. Дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб хоҳанд кард.
Сармоягузорони аввалини лоиҳаи “Роғун” Бонки исломии рушд (150 млн доллар) ва фондҳои кишварҳои араб (400 млн доллар) буданд, ки маблағгузориашонро 17 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карданд.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” гуфта буд, ки давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.
Корея 600 тоҷикро ба кор даъват мекунад. Маош чанд, чӣ талабот дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди зерсохтори обу иқлим $29,2 млрд лозим аст
Боздошти як мард дар Хатлон бо гумони куштори духтари маъюбаш
“Роҳбари ғайрирасмии Кӯлоб”. Ёдбуди Қурбон Зардаков, овозхони замони ҷанг кушташуда дар Душанбе
Боздошти собиқ директори мактаб дар Ашт барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ тавассути “ҷонҳои мурда”
Имзои чанд санади нави ҳамкорӣ. Натиҷаҳои ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин”
Табиби ҳозиқу муҳаққиқи нуктасанҷ. Нигоҳе ба рӯзгору фаъолияти Бӯрӣ Нурхонов
Даъвои дастёбӣ ба фазо ва ҳушдор ба сокинон. Шашумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
Ситоди шабонарӯзӣ. Сафорати Тоҷикистон гуфт, ки чӣ гуна метавон аз Эрон берун шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста