Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостааст, ки биноҳои таърихии Душанбе, аз қабили театрҳои опера ва балет, “Лоҳутӣ”, чойхонаи “Роҳат” ва бинои кунунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тахриб накунанд ва симои берунии бинои Кохи “Борбад” – ро ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мутобиқ кунад.
Дархости ӯ, аз номи Шӯрои сиёсии ҲДТ дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” нашр шудааст.
Усмонзода тахриб накарданни биноҳоро ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ маънидод кардааст.
- Нигоҳ доштани биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , Чойхонаи “Роҳат”, меҳмонхонаи “Душанбе” , меҳмонхонаи “Вахш” ва бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст . Ин биноҳо бо меъмории нисбатан беҳтари худ ва хидмати дурударозашон дар хотираи чанд насли мардуми кишвар чун нишони даврони пешин боқӣ мондаанд,- мегӯяд раиси ҲДТ.
Дар ҳамин ҳол, номбурда пешниҳод кардааст, ки бархе биноҳо, ки дар замони Шӯравӣ бо шиори «интернационазм» ё мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст, ислоҳ карда шавад.
Ӯ аз ҷумла, бинои Кохи “Борбад” – ро мисол оварда таъкид намудааст, ки он бо шакли “юрти муғулӣ” сохта шудааст.
- Дар ин бино маъракҳои муҳими давлатӣ мегузарад ки боиси таассуф аст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад . Пешниҳод мекунем, ки дар ислоҳи шакли берунаи он мутобиқ ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мусоидат кунед,- пешниҳод кардааст Саидҷаъфар Усмонзода.
Номбурда ҳамчунин аз шаҳрдори Душанбе даъват кардааст, ки роҳҳои пиёдагард ва хиёбону кӯчаҳои пойтахт васеъ карда шавад.
Ба гуфи ӯ, имрӯз баъзе роҳравҳои кӯчаҳо ба ҳадде тангбару борик ҳастанд, ки барои роҳгузарон мушкил эҷод кардаанд.
Ин вакили парлумон пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби аҳолӣ худсарона ғасб кардани роҳҳои пиёдагард ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёна пешгирӣ карда шавад.
Пешниҳоди тахриб накрадани биноҳои таърихӣ аз ҷониби раиси як ҳизби сиёсӣ дар ҳолест, ки тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста