4 сарбози Қирғизистон, ки аз ҷониби низомиёни Тоҷикистон дастгир шуда буданд, тибқи созиши баамаломадаи ду кишвар шоми 19-уми сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, ба ватанашон баргардонида шуданд. Дар ин бора сомонаи ВКД-и Тоҷикистон хабар медиҳад.

1. Прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали;

2. Старшинаи дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Туйчиев Ҷамолиддин Исмаилҷанович, соли таваллудаш 20.12.1984, сокини вилояти Ош, ноҳияи Аравон;

3. Ефрейтори қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асылбек уулу Рустамбек, соли таваллудаш, 28.02.2002, сокини ноҳияи Баткен, ҷамоати деҳоти Қизилбек;

4. Ефрейтори Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон Машраб уулу Нурбек, соли таваллудаш 17.06.2001, сокини ноҳияи Навкат, ҷамоати Қизилтаит.

Дар шарҳи хабари бозгардонии сарбозони қирғиз навиштаанд, ки онҳо “аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон супорида шуданд”.

Зикр мегардад, ки низомиёни дастгиршудаи қирғиз тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ бо ёрии тиббӣ, хӯрду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.