Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 22-юми сентябр дар як изҳороти хеш оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни давлати Қирғизистон хабар дод.
Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки 14-уми сентябр мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон мағозаҳои тоҷикони сокини ин ноҳияро бастанд ва шаҳрвандони қирғизи аз манотиқи марзӣ кӯчондашударо ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони сокини ноҳияи Қадамҷой ҷой карданд.
Рӯзи 18 сентябр кормандони раёсати КДАМ дар ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои аҳли оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон Неъматовҳоро бо мақсади депортатсияи маҷбурии минбаъдаи онҳо мусодира кардаанд.
18 сентябр афроди ношинос шишаҳои мошини шаҳрванди Тоҷикистон А.Ҳамдамовро, ки дар шаҳри Бишкек муваққатан иқомат дошт, шикаста, танаи мошинашро пур аз ранг кардаанд.
Рӯзи 19 сентябр шаҳрванди Тоҷикистон А.М.Алиевро бе фаҳмондани сабаби боздошташ ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек овардаанд. Дар ҷараёни бозҷӯӣ, ки 9 соат давом кард, ӯро латтукӯб кардаанд. Алиевро танҳо баъди аз ӯ гирифтани 15 ҳазор сом (қариб 200 доллар) ҷавоб додаанд, вале шиносномаи модараш дар дасти милисаҳо боқӣ мондааст.
Вазорат гуфтааст, ҳамчунин 19 сентябр, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди бозпурсӣ бо истифодаи шеваи фишори равонӣ кормандони КДАМ ин кишвар аз Қирғизистон ихроҷ кардаанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
Таъкид мегардад, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин сиёсати таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то барои роҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил бияндешад.
ВКХ аз ҷониби Қирғизистон ҳамчунин, хостааст амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон он ва аъзои оилаи онҳоро дар асоси қонунҳои байналмилалӣ таъмин намояд.
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста