Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11 300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд мебошад. Соли гузашта 20 ҳазору 128 мошин ба маблағи 76 млн доллари амрикоӣ ворид шуда буд.
Дар ин бора Анвар Оқилов, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин миқдор мошин ба вилояти Суғд асосан аз давлатҳои Аврупо, Чин, Гурҷистон, Русия, Корея ва Ӯзбекистон ворид шудаанд ва соли барориши аксари онҳо пас аз соли 2005 мебошад.
“Фақат як маҳдудият ҳаст, мошинҳое, ки соли бароришаш то соли 2005 аст, воридоташ манъ мебошад. Зеро талаботи қонунгузорӣ чунин аст ва мо дар доираи талаботи қонун воридоти онҳоро иҷозат намедиҳем”, - гуфт Анвар Оқилов.
Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар сурати кушиши воридкунии чунин навъи мошинҳо, мақомоти гумрук онро манъ мекунад ва амборҳои махсус нигаҳ медорад. Дар ҳолати зарурӣ ва бо иҷозаи худи соҳиби мошинҳо он бозсодирот ё худ реэкспорт карда мешавад.
“Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста