Ҳавопаймои “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки гуфта мешавад Тоҷикистон аз Мексика бо харҷи 92 миллион доллар махсус барои сафарҳои президенти кишвар харидааст, субҳи имрӯз 15-уми май ба Тоҷикистон расидааст. Мақомот дар бораи харидорӣ ва истифодаи ин ҳавопаймо шарҳе намедиҳанд.
Пойгоҳи “Flight Radar”, ки паврози ҳавопаймоҳоро дар реҷаи мустақим пахш мекунад, нишон медиҳад, ки ҳавопаймо бо рамзи “EY-001” аз Сан-Бернардино парвозро оғоз карда, соати 7:36-и субҳи 15-уми май дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишастааст.
Ҳамчунин, дирӯз, 14-уми май Боб Ален, як масъули ширкати “Nomadic Aviation Group”, ки ба санҷиш, рангубор ва иҷораи ҳавопаймоҳо машғул аст, ба бо нашри чанд акс аз дохил ва беруни ҳавопаймо дар саҳифааш дар “Твиттер” хабар дод, ки ин ҳавопаймо баъди рангубор ва нашри ному нишонаи Тоҷикистон ба ин кишвар парвоз кард.
Ин ҳавопаймо, ки пештар рамз ва нишони Мексика дошт, дар Сан-Бернардинои Иёлати Аризонаи Амрико рангубор карда шуда, нишони Тоҷикистон насб шудааст.
Қаблан, гуфта мешуд, ки ин ҳавопаймо махсусан барои сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон харидорӣ шудааст.
Ҳамчунин, аз рангубор ва нашри нишони давлатии Тоҷикистон- нишон ва парчам дар ҳавопаймо маълум аст, ки ҳавопайморо хос барои сафарҳои президент аст ва танҳо ҳавопаймои рақами 1 метавонад номи кишвар ва нишони давлатиро дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон дар бораи харидории ин ҳавопаймо изҳори назар намекунанд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” дар робита ба тасдиқи овардани ҳавопаймои махсуси раисиҷумҳур ба Душанбе ва шарҳи дигар дар робита ба ин ҳавопаймо танҳо гуфт, “маълумот” надорам”.
Ҳамчунин, кушишҳои мо барои дарёфти иттилои бештар дар бораи харидорӣ ва овардани он ба Душанбе аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ин ҳавопайморо ширкати алоҳидаи харидорӣ кардааст ё ҳукумти кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” парвоз мекард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми апрел Лопез Обрадор, раисиҷумҳури Мексика, дар Твиттер хабар дод, ки ҳавопаймое, ки соли 2012 барои раисиҷумҳури ин кишвар харида буд, ба ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши 92 млн додллар фурӯхтааст. Ҳарчанд арзиши аслиаш 218 миллион доллар буд.
Раисиҷумҳури Мексика гуфта буд, ки бо пули ҳавопаймо дар аёлатҳои фақири Герреро ва Оаксака бемористон хоҳанд сохт.
Ин навъи ҳавопаймоҳо асосан барои раҳбарони давлатҳо аст ва ё сарватмандоне, ки ҳавопаймои хусусӣ мехаранд.
Хабари харидорӣ ва ба Душанбе овардани ҳавопаймои ба қавле “борт №1” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро ба миён овардааст.
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Баҳои ҳар кас ба миқдори ҳиммати ӯст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста