Даромади ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ, муодили 175 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 12% зиёдтар аст.
Дар ин бора Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, даромади ширкатҳои хусусӣ беш аз 1,8 миллиард сомонӣ ва корхонаҳои тобеи Хадамоти алоқа (Тоҷиктелеком, Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа) ҳудуди 100 миллион сомониро ташкил додааст.
Зикр гардид, ки ба ҳолати 1-уми июли соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 миллион корбари интернет ва 8,3 миллион муштарии мобилӣ ба қайд гирифта шуда, ки ҳудуди 5,6 миллион нафари онҳо фаъол мебошанд.
Ҳамчунин, ба таъкиди ин масъули Хадамоти алоқа, дар шаш моҳи ахир аз ҳисоби зиёд кардани тарофаҳо нархи интернет 15 фоиз арзон карда шуда, баъди интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷумҳурӣ 443 истгоҳҳои нави базавӣ насб гардидааст.
Илҳом Атоев эътироф кард, ки ҳоло низ шикоятҳо аз суръати пасти интернет сабт мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар шохиси ҷаҳонии Speedtest, ки моҳи апрели соли ҷорӣ нав карда шуд, Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар байни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷои 129-ум ва аз рӯи суръати интернети ноқилӣ бошад дар байни 180 кишвар дар ҷои 130-ум қарор дорад.
Барои муқоиса, Қазоқистон дар ҷойҳои 72 ва 101-ум, Қирғизистон - 83 ва 84-ум, Ӯзбекистон - 104 ва 89-умро ишғол кардаанд.
Дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нархи интернет (Worldwide pricing data mobile) Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1 ГБ ҷои 131-умро ишғол мекунад.
Поинтарин нарх дар Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (0,17 доллар) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистон дар ҷои 15-ум (0,37 доллар), Қазоқистон дар ҷои 16-ум (0,37 доллар), Афғонистон дар ҷои 64-ум (0,90 доллар) қарор доранд.
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста