Дар 1,5 соли охир (2022 ва 6 моҳи 2023) дар Тоҷикистон беш аз 700 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрдааст, ки ин нисбат ба омори умумии се соли пеш 2 баробар зиёд аст. Мақомот иддао доранд, ки аксари созмонҳои ҷамъиятӣ бо хоҳиши худ барҳам хӯрданд, вале муассисони бархе ташкилотҳо мегӯянд, аз онҳо талаб доранд, бо "ихтиёри худ барҳам хӯранд”. Коршиносон чунин бархӯрдро хатарзо медонанд.

Бо хоҳиши худ барҳам мехӯранд ё “бо хоҳиши худ” барҳам медиҳанд?

Баҳси барҳамхӯрии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон чанд сол аст, давом дорад. Ин масъала махсусан, баъди ҳаводиси ВМКБ дар соли 2022 доғтар шуд. Омори расмӣ ҳам нишон медиҳад, ки баъди ин ҳаводис шумораи зиёди созмонҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрдаанд.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 8-уми август ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба сабабҳои барҳамдиҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ гуфт, аксари ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо сабабҳои молиявӣ тариқи худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ мекунанд.

“Вақте маблағ ҷалб шуд, дар давоми соли муайян мақсад амалӣ ва маблағ пурра аз худ карда шуд, ташкилот барои худбарҳамдиҳӣ ба мақомот муроҷиат мекунанд. Мо онҳоро барҳам медиҳем. Сабаби асосии барҳамхурӣ ҳамин аст”, - гуфт Музаффар Ашуриён.
Музаффар Ашуриён
Акс аз tajsohtmon.tj

Ба қавли Ашӯриён, вазорати адлия қисми хеле камро барои риоя накардани қонунгузорӣ, ки зимни санҷишҳо маълум мегардад, барои барҳамдиҳӣ ба додгоҳҳо пешниҳод мекунад, то фаъолияташон бо ҳукми он қатъ карда шавад.

“Мақомоти адлия санҷишҳо мегузаронад, агар фаъолияти онҳо ба қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мухолифат накунад, мо маҷбур ҳастем, чораандешӣ кунем. Аввал огоҳӣ дода мешавад, вақте камбудиҳо бартараф нашуд, маҷбур мешавем, барои қатъи фаъолияташон ба додгоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳод кунем”, - гуфт Музаффар Ашуриён.

Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ шикоят доранд, ки мақомот ба онҳо фишор меоранд, то ихтиёран фаъолияташонро қатъ кунанд.

Аввали моҳи майи соли равон намояндагони панҷ созмони иҷтимоӣ дар ВМКБ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки мақомоти қудратӣ аз онҳо талаб доранд, бо "ихтиёри худ" ташкилотро муфлис эълон кунанду барҳам диҳанд. Чунин шикоятҳо аз дигар минтақаҳо низ ба гӯш мерасанд.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 8-уми август, зимни нишасти хабарӣ, гуфт, дар 6 моҳи соли 2023 фаъолияти созмонҳои ҷамъиятие дар ВМКБ қатъ шуданд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд ва сармоягузорӣ мешуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин панҷ созмон "Номус ва инсоф", "Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир", "Панҷ", "Ҷавонони ноҳияи Ишкошим" ва "Клуби гуштини шайдон" буданд.

Маблағгузору лоиҳа нест

Дар вазорати адлия таъкид мекунанд, ки сабаби аслии қатъи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ адами сарчаҳшмаҳои маблағгузорӣ аст.

Дилрабо Самадова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба ин иддао бовар надорад ва бо ишора ба иттилои ВАО ва муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз минтақаҳо мегӯяд, “мақомот роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки лоиҳа надоранд, маҷбур мекунанд, ки фаъолияташонро “худ барҳам диҳанд”.

Дилрабо Самадова
Акс аз notorturetj.org

“Доштан ё надоштани лоиҳа набояд асос барои барҳам додани созмонҳои ҷамъиятӣ бошад, чунки аксари онҳо фаъолияти худро ройгон ба роҳ мемонанд”, - таъкид мекунад Дилрабо Самадова.

Яке аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташ чанд сол пеш бо қарори додгоҳ барҳам дода шуд, бо шарти наовардани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, тарки Тоҷикистон кардани созмонҳои маблағгузор низ яке аз сабабҳои қатъи фаъолият кардани ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад.

“Баъди соли 2019, ки чанде аз ташкилотҳои маблағгузорӣ байналмилалӣ аз Тоҷикистон рафтанд ва ё самти фаъолияташонро дар мавриди маблағгузорӣ тағйир доданд, ташкилотҳои ҷамъиятии зиёде аз сабаби набудани маблағ барои худбарҳамдиҳӣ ариза пешниҳод карданд. Яке аз чунин донорҳои калони маблағгузор Ташкилоти Байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, мебошад”, - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

“Талаботи оинномавиро вайрон карданд”

Моҳи январи соли равон фаъолияти “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” бо ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ гардид.

Он замон Асадулло Ҳакимзода дар шарҳи ин хабар гуфт буд, ки қатъи фаъолияти марказ ба вайрон кардани талаботи оинномавии он рабт дорад, ки зимни як санҷиши аз сӯи Вазорати адлия ошкор шудааст.

Номбурда “саривақт пешниҳод накардани огоҳиномаи молиявӣ, огоҳинома оид ба идомаи фаъолияти кор”, инчунин, як қатор қонуншиканиҳои дигар дар самти фаъолият ва меҳнатро аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоршуда ном бурд.

Бархе огоҳони ҳол мегуфтанд, ки қатъи кори ин марказ метавонад, ба кори созмон дар ростои ҳимоя аз ҳуқуқи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла рӯзноманигорони боздоштшуда пайванд бошад.

“Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” аз камтарин ташкилотҳои ҷамъиятӣ буд, ки дар гузашта ба аҳолӣ, аз ҷумла зиндониёну боздоштшудагон ва ҷабрдидагони тахриби биноҳо дар пойтахт кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ мерасонид.

Авҷи барҳамхӯрӣ

Таҳлили омори Вазорати адлияи кишвар дар робита ба бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии созмонҳои ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки шумораи барҳамдиҳии созмонҳо сол аз сол бештар шудааст.

Масалан, давоми 4,5 соли охир дар кишвар 715 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 1103 ташкилот барҳам дода шудааст.

Соли 2022 ин нишондод ба сатҳи рекордӣ расидааст: қариб 500 созмони ҷамъиятӣ баста шуданд ва беш аз 100 адади он тариқи ҳалномаи додгоҳӣ фаъолиташон қатъ гардидааст.


Ташкилотҳои ҷамъиятӣ пуле байни аҳолӣ ва мақомотанд

Дилрабо Самадова мегӯяд, ташкили созмони ҷамъиятӣ ҳуқуқи конститатсионии шаҳрвандон аст, ки бо ин роҳ муттаҳид мешаванд ва онҳо пуле байни аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ аксаран масъалаҳоеро ҳаллу фасл ва баррасӣ мекунанд, ки мақомот ба танҳоӣ ҳамаи онро карда наметавонад.

“Масалан, боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти кӯдакони маъюб, шиканҷа, хушунат дар оила ё сарбозшикор кор мекунанд, нисбат ба мақомот бештар аст ва аҳолӣ дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд”, - гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, созмонҳои ҷамъитӣ барои мақомот ёрирасони беминнатанд ва ҳар масъалае, ки ба мушкил ё камбудӣ дучор мешавад омӯхта, ба мақомот пешниҳодҳо манзур мекунанд.

“Онҳо ба мақомот ёрӣ мерасонанд, ки уҳдадории давлатӣ вобаста ба санадҳои ҳуқуқи инсон, талаботи шартномаҳои байналхалқӣ ба роҳ монда шавад. Аз ин рӯ, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳам ба манфиати давлат аст ва ҳам ба аҳолӣ кӯмак мерасонад”, - зикр кард Дилрабо Самадова.

Ба таъкиди номбурда, маҳдудкунӣ ё қатъи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятӣ ин маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ба муттаҳидшавӣ, нақзи талаботи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи демократӣ аст.

Музаффар Ашуриён ҳам дар ни шасти матбуотӣ гуфт, ки онҳо манфиатдоранд, то шумораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар кишвар зиёд гардад, чунки аксари онҳо масъалаи иҷтимоиро пеш мебаранд.

“Ҳоло дар кишвар қариб 2 ҳазор ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Онҳо аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ бохабаранд. Мо бо қисме аз онҳо ҳамкорӣ дорем, дар ҳамоишҳо гуфтушунид мекунем. Мо назари онҳоро дар робита ба роҳҳои ҳалли мушкилоте, ки ба ҷомеа дахл дорад, мегирем. Ин барои мо ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ муҳим аст. Инро аз тарҷиба зиёд дидаем”, - гуфт вазири адлия рӯзи 8-уми август дар назди рӯзноманигорон.

Ӯ аз пешниҳоди як ташкилоти ҷамъиятие мисол овард, ки дар мавриди сохтани роҳҳои махсус барои маъюбон дар биноҳои нав ва нақлиёти ҷамъиятӣ буд ва он ҳоло дар қонунгузорӣ ворид шуда, имрӯз ин талабот зимни сохтани биноҳо тибқи қонунгузорӣ ҳатмӣ аст.

Идома вазъи кунунӣ чӣ хатар дорад?

Ҳамсуҳбати мо аз ташкилоти ҷамъиятии барҳамхӯрда бар ин назар аст, ки зарари қатъи фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ бештар ба аҳолии оддӣ мерасад, чунки  фаъолияти онҳо барои расонидани кӯмакҳои гуногуни ройгон ба ин  ё он масъалаи ҳаётии ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, қатъи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба коҳиши нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар сабаб мешавад.

Дилрабо Самадова мегӯяд, ин пеш аз ҳама  гувоҳи он мегардад, ки ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистогн ба таври дахлдор риоя намешавад, обрӯи давлат ҳамчун уҳдадори иҷрокунандаи таблаботи ҳуқуқи инсон дар сатҳи байналмилалӣ паст мешавад ва қишре, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан ба ташкилотҳо бовар доштанд, шонси охирини худро барои шунидани овозашон аз даст медиҳданд.

“Ҳамаи лоиҳаҳое, ки давлат аз созмонҳои байналмилалӣ ё кишварҳои алоҳида мегирад, талаботе дорад, ки як қисми корҳо дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардад. Ҳатто СММ вақте ба давлат тавсия медиҳад, талаб мекунад, ки дар иҷрои ин тавсияҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятӣ озодона иштирок кунанд. Аз ин рӯ, мақомот бояд аҳамияти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиро дарк карда, онҳоро дастгирӣ кунанд, аз фишоровариву барҳамдиҳӣ даст кашанд ва баръакс барои пешрафти ҷомеа ва принсипҳои демократӣ дар Тоҷикистон саҳмгузор бошанд”, - гуфт ин коршинсои тоҷик.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.