Раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласаи худ, бо вазъи партовгоҳҳо шинос шуда, аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар интиқод кард.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни як ҷаласе, ки 23-юми октябр баргузор шуд, оид ба партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар суханронӣ карда, аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” интиқод намуд.
“Масъулони шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дахлдор ҳифзи муҳити атрофро бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон таъмин намоянд, талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиатро таъмин намуда, вайронкунандагони ин талаботро ба ҷавобгарӣ кашанд, назорати давлатиро оид ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо тақвият бахшанд”, - гуфтааст Давлаталӣ Саид.
Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид кардааст, ки масъулони бахши идеологӣ дар миёни аҳолӣ меъёрҳои қонунгузории кишварро оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо шарҳу тафсир дода, онҳоро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ даъват кунанд.
Илова баро ин, Давлаталӣ Саид беҳтар кардани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, тақвият додани корҳои ободонӣ ва гулу дарахтшинониро зарур шуморидааст.
Бояд гуфт, ки ин аввалин интиқоди Давлаталӣ Саид аз фаъолияти бахшҳо ва ниҳодҳои давлатии вилоят набуда, пештар ӯ дар ҳузури вакилони халқи вилоят аз бахши сайёҳӣ ва сармоягузорӣ интиқод карда буд.
Раиси вилоят бо ишора ба масъулини бахши сайёҳии вилоят гуфта буд, ки “мефаҳмам, маблағгузорӣ маҳдуд аст, вале метавон гирду атрофи ёдгориҳои таърихиро тозаю озода нигоҳ дошт”.
Аз масъулини бахши сармоягузории вилоят хоста буд, кимуносибат бо сармогузоронро тағйир диҳанд.
“Вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд дорад. Мо бояд фазои беҳтар барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бисозем. Муносибатро ба соҳибкорон ва сармоягузорон бояд куллан дигар кунем”, - гуфта буд Давлаталӣ Саид.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста