Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бозори нави наздимарзӣ ифтитоҳ шуд. Ин дуюмин бозорест, ки дар сарҳади ду кишвар ба фаъолият оғоз мекунад.
Бозори муштараки наздимарзии “Шоҳон” дар деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода шудааст. Шифо Ҷумъазода, муовини раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бозори мазкур рӯзи 2-юми декабр ифтитоҳ гардид.
“Сохтмони бозори ноздимарзӣ кайҳо ба анҷом расида буд, вале бо сабабҳои амниятӣ ифтитоҳи бозор мавқуф гузошта шуд. Акнун бо супориши махсуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозори “Шоҳон” боз гардид”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, дар маросими ифтитоҳ намояндагони ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва раису муовинони ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ширкат карданд.
Шифо Ҷумъазода гуфт, акнун бозор ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 8:00 то 12:00 дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва маҳсулоти ватании Тоҷикистону Афғонистон ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар робита ба амнияти бозори наздимарзӣ ва нагузаштани қочоқ Ҷумъазода гуфт, “ҳама гуна маҳсулоти фурӯш дар сарҳад аз сӯи мақомоти ду кишвар санҷида мешаванд”
“Масъулини КДАМ, Агентии гумрук, Кумитаи сарҳадот ва дигар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ҳама гуна ашёи аз марз мегузаштаро назорат мекунанд. Аз ҷониби давлати ҳамсоя ҳам масъулинашон дар марз санҷиш мегузаронанд. Амнияти бозори наздимарзӣ ба таври бояду шояд таъмин аст”, - таъкид кард Шифо Ҷумъазода.
Ҳорун Мустафоев, сармуҳаррири нашрияи маҳаллии “Насими Терай” дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “бозори наздимарзӣ ду ҳафта инҷониб баргузор мегардад ва маҳсулоти ду кишвар, аз ҷониби Афғонистон - биринҷ, чойи хушк, обҳои нӯшокӣ, равған, қаймоқ, собун ва либосу шарфҳо ва аз ҷониби Тоҷикистон - маҳсулоти ниёзи аввалия ба фурӯш гузошта мешавад”.
“Бозор аз ду растаи алоҳида иборат аст, ки тоҷирони Афғонистонро аз тоҷирони Тоҷикистон ҷудо мекунад. Болои бозор пӯшонида шудааст ва дар рӯзҳои барфу борон ҳам харидуфурӯш мешавад. Инчунин, чанд ошхона кушода шудааст, ки дар он хӯрокҳои миллии тоҷикон пухта мешавад. Ҳама гуна хариду фурӯш бо сомонӣ ҷараён мегирад”, - шарҳ дод Ҳорун Мустафоев.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* дар Афғонистон, ин дуввуми бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон аст, ки фаъолият мекунад: аз ин пештар моҳи августи имсол дар шаҳри Хоруғ бозори наздимарзӣ ифтитоҳ шуда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста