Дирӯз, 22-юми феврал, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил карда шуд.
Дар маросими таҷлил Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, сафирону шахсони расмӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.
“Таҷлили рӯзи таъсиси давлати Арабистони Саудӣ мояи ифтихор аз таърихи бостонии мо, ифтихор аз пешвоёну фидокориҳои онҳо буда, таҷассумгари садоқатест, ки мо ин кишвари саховатмандро танҳо бо он мешиносем”, - гуфт Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон.
Обид Назариён низ Шоҳигарии Арабистони Саудиро аз номи ҳукумати кишвар бо рӯзи таъсисёбӣ табрик гуфт.
Зимни чорабинӣ таъкид кардид, ки бо гузашти се аср, имрӯз Арабистони Саудӣ ба яке аз давлатҳои қудратманди минтақа табдил ёфта, амалигардонии лоиҳаҳои бузургро рӯйи даст гирифтааст. Аз ҷумла, барномаи вижаи “Дурнамои 2030”, ки аз ҷониби роҳбарияти ин кишвар пешниҳод шудааст, лоиҳаи бузург ва нодир дониста мешавад. Татбиқи он андешаҳоро оид ба Арабистони Саудӣ куллан тағйир хоҳад дод.
Бояд гуфт, ки давлати Арабистони Саудӣ 22-юми феврали соли 1727 таъсис ёфтааст.
Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бошад, шурӯъ аз соли 2022 бо фармони Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста