Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба 6,5 сол ва Абдуқодири Рустам, пажӯҳишгар ва нависанда, ки номаш дар ин китоб зикр шудааст, ба 4,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Чанд манбаи “Asia-Plus” тасдиқ карданд, ки дирӯз, 22-юми феврал, мурофиаи Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор ва ҳукми онҳо хонда шуд.
Манбаҳои гуногун ҳукми додгоҳ нисбати Суҳроб Раҷабзода, директори нашриёти “Эргарф”-ро ба таври гуногун шарҳ доданд. Як манбаи "Asia-Plus" гуфт, ки Раҷабзода бо пардохти ҷарима озод шудааст, аммо Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки ӯ 1 сол равона зиндон шудааст.
Ин расона ҳам хабар дод, ки "чанд нафар содир шудани ҳукми Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзодаро тасдиқ карданд, вале вакили дифои онҳо гуфтааст: "кордор нашавед".
Додгоҳи олӣ то ҳол эълони ҳукмро расман тасдиқ накардааст. Ба тамосҳои телефонии "Asia-Plus" аз ин ниҳод посух доданд, ки "додрасҳо дар ҷаласа ҳастанд" хоҳиш карданд, ки пас аз нисфирӯзӣ тамос гирем.
Бояд гуфт, ки хабари эълони ҳукм аввалин шуда дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз ҷониби рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса Зафари Сӯфӣ паҳн шуд.
Наздикони маҳкумшудагон низ тасдиқ карданд, ки дирӯз мурофиа баргузор гардид, аммо аз натиҷаи он иттилоъ надоранд. Вакилони дифои онҳо дастрас нестанд.
Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам, баъд аз муаррифии китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" дар моҳи марти соли 2023, тобистони ҳамон сол дар Душанбе боздошт ва барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) ё моддаи 182 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам шуданд. Баъдтар, дар парвандаи Абдухалил Холиқзода иттиҳоми коҷоқ (моддаи 289 қисми 2) низ илова гардид.
Баъдтар Суҳроб Раҷабзода, директори нашриёти “Эргарф”, ки китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро нашр кардааст, низ боздошт шуд. Нисбати ӯ бо моддаи 295 қисми 1 (Сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) парванда боз гардид.
Мурофиаи онҳо ба таври пӯшида баргузор мешуд.
15-уми феврал Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “тарафҳои айбдоркунандаву ҳимоякунанда баромад кардаанд ва рӯзҳои наздик судя барои ҳал кардани масъала ба хонаи машваратӣ меравад”.
“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.
Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.
Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон тобистони соли гузашта гуфт, ки муаллифи китоб барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад ва дастури боздошти ӯро шахсан худи ӯ додааст.
Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Игор Черевченко сармураббигии “Истиқлол”-ро боз ба дӯш гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста