Тоҷикистон ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад. Вазни умумии кумак беш аз 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Кумакҳои башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ, сару либос, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар колоҳои зарурӣ тавассути 61 вагони қатора ва 13 автомашина равон карда шуд.

​“Кумаки башардӯстона чун тадбири фаврӣ омода гардида, аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромад”,- гуфтанд аз КҲФ.

Кумакҳоро Рустам Назарзода, раиси КҲФ ҳамроҳӣ мекунад ва пагоҳ, 20-уми апрел, дар шаҳри Сариагаши Қазоқистон ба масъулини ин кишвар месупорад.

Акс аз КҲФ

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон  4870 бинои истиқоматии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.

​Ҳоло дар минтақаи офатзада бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ, инчунин тадбирҳои зидди обхезӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ идома доранд.

​Аз оғози обхезӣ 117 ҳазору 694 нафар, аз ҷумла 43 ҳазору 931 ҳазор кӯдакон наҷот дода шуданд. 6887 нафари дигар дар минтақаҳои обхезӣ боқӣ мондаанд.

​Бар асари обхезӣ, ки моҳи март шурӯъ шуд, дар ҳашт минтақаи Қазоқистон вазъияти изтирории маҳаллӣ боқӣ мемонад. Дар амалиёти наҷот 44 ҳазор нафар, беш аз 4,6 ҳазор техника ва 18 ҳавопаймо ширкат доранд, хабар медиҳад ТАСС

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.