Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 20 рӯз дар тамоми кишвар 62 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати дифои кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:

- шаҳри Душанбе 41%;

- вилояти Суғд 47%;

- вилояти Хатлон  76%;

- шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 66%;

- ВМКБ 100%.

Ба иттилои вазорат, то ҳол зиёда аз 20 шаҳру навоҳии мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар “азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд”.

Бояд гуфт, ки дар 20-рӯзи даъвати тирамоҳии соли гузашта нақша 66 дарсад иҷро шуд буд.

Зимнан, дар 10 рӯзи аввали мавсими имсолаи баҳории даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъват 50 дарсад иҷро шуда буд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

 

Шеваҳои нави даъват ба артиш

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чанде аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Самадова,  ҳомии ҳуқуқи сарбозони тоҷик ва роҳбари “Дафтари озодиҳои шаҳрвадӣ” дирӯз, 22-юми апрел дар “Фейсбук” навишт, ки “имрӯз чанд муроҷиат дар бораи “облава” гирифтам...”.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир надодааст.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.