Дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба хотири видоъ бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Ҳусей Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳонашон дафтари таъзия боз шуд. Ин маросим имрӯз соати 10:00 оғоз шуд ва то пагоҳ соати 17:00 давом хоҳад кард.

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазири кишвар, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳое буданд, ки бо намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуданд.

Ҳамчунин, сафирон ва намояндаҳои сафоратҳои гуногун, ба мисли сафирони Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Туркия, Русия, Фаластин, Покистон ва дигар шахсони расмӣ барои изҳори ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон дар Душанбе омаданд.

Дар пайи марги раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар дар ин кишвар 5 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Ба ин хотир парчами Эрон дар сафораташ  дар Душанбе ҳам нимаафрошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳрҳои мухталифи Эрон маросими видоъ бо раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ баргузор мегардад ва рӯзи 23-юми май ӯро ҷаноза карда, ба хок месупоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.