Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва нафаре, ки барои як муддат роҳбарии Тоҷикистонро ба зимма дошт, ба Додситонии кул даъват шудаву пас аз бозпурсӣ дигар раҳо нагардидааст. Аммо мақомот даъват ва боздошти ӯро рад ё тасдиқ намекунад ва аслан ҳеҷ иттилое намедиҳад.

Хабари боздошти Акбаршо Искандаровро бори аввал Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ нашр кард. Ин расона аз қавли ду манбаи худ рӯзи 21-уми июн навишт, ки “намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон “13-14-уми июн Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надоданд”.

“Муфаттишони Додситонии кул қариб 50 нафарро бозпурсӣ карда, бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист озод намудаанд, аммо Акбаршоҳ Искандаровро раҳо накарданд”, - афзудааст як манбаи Радиои Озодӣ.

Як манбаи “Азия-Плюс” ҳам тасдиқ кард, ки Акбаршо Искандаров қариб як ҳафта аст, дар ҷойи кораш – Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дида намешавад.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дастрас кардани шарҳи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон бесамар анҷомид. Аз ин ниҳод касе ҳозир нашуд хабари боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад кунад.

Бояд гуфт, ки пештар ин Радиои Озодӣ дар хусуси боздошти Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон низ иттилоъ дода, аз қавли манобеаш навишт, ӯ рӯзи 12-уми июн дастгир шудааст ва дар Боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Он замон ҳам мақомот боздошт шудани Ҳамрохон Зарифиро тасдиқ ё рад накарданд.

Хабарҳо дар бораи боздошти сиёсатмадорону мансабдорони пешин пас аз боздошти расмии Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони кишвар ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон интишор мешаванд.

Хабарри боздошти Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 14-уми июн расонаӣ гардид. Он рӯз АМИТ “Ховар” аз ҷаласаи навбатии парлумон хабар нашр карда, навишт, ки бо пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳуқуқи дахлнопазирии вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода бекор карда буд.

Додситони кулли кишвар дар назди вакилон гуфт, ки алайҳи Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Наздикони Усмонзода ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки иттиҳоми талош барои ғасби ҳукумат “туҳмат аст ва ӯ дар зеҳнаш чунин нақшае надошт”.

Бо фарқ аз боздошти Усмонзода, дар ду ҳолати баъдӣ мақомоти ҳеҷ шарҳӣ расмӣ ироа намекунад. Аз ҷумла, сабаби ба бозпурсӣ даъват шудану раҳо нагардидани Акбаршо Искандаров ҳам номаълум аст.

Ёдовар мешавем, ки Акбаршо Искандарови 73-сола яке аз сиёсатмадорони шинохтаи солҳои аввали истиқлолияти кишвар аст. Ӯ замоне депутат ва раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва барои чанд муддат, вақте, ки низоми давлатдорӣ ва роҳбарӣ дар Тоҷикистон ба бӯҳрон гирифтор шуд, роҳбарии давлатро ба зимма дошт.

Пас аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар соли 1992 аз вазифа канор рафт ва муддат ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар давлатҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Муғулистон фаъолият кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.