Раисҷумҳур зимни сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, ки дарозии роҳи мазкур 14,5 километр буда, корҳои сохтмони он аз аввалҳои моҳи майи соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ шуруъ шудааст. Роҳ бо маблағи 27,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар идомаи сафар дар ин ноҳия раисҷумҳур бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологиро дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигулҳо ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур бо маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар масоҳати 500 метри мураббаъ сохта шудааст.
Дар ин марказ, ки дар як минтақаи бекорхобида бо ҷалби 50 нафар муттахасисони маҳаллӣ бунёд гардид ба сокинони 12 деҳаи атроф, ки беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, хадмат расонида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи мазкур, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти ҳавзи обсофкунӣ оғоз бахшид ва ҳамчунин бо фаъолияти ҶДММ “Тоҷ-Агро” шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳавзи обсофкунӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон дар ҳавзаи дарёи Панҷ, дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ ва Восеъ бунёд шудааст.
Ҳавзи мазкур дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ” бо ташаббуси ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд татбиқ гардидааст.
Обанбори мазкур дар муддати се сол бо ҷалби беш аз 400 нафар муҳандисону мутахассисони маҳаллӣ бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки паймонкори лоиҳа ҶСК “ТГЭМ” мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ аз заминҳои ҶДММ “Тоҷ-Агро” боздид карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки ҶДММ “Тоҷ-Агро” дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусию тропикӣ, ду гармхонаи доимӣ бунёд кардааст. Хоҷагии мазкур дар маҷмуъ дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ доштааст, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 50 гектари онро токзори ангур ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг рафта, бинои нави Беморхонаи марказиро ифтитоҳ кард ва бо шароит ва сифати хидматрасонии он шинос гардид.
Гуфта мешавад, ки беморхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак” бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шудааст. Кори сохтмонӣ бинои мазкур моҳи сентябри соли 2022 шуруъ гардида, моҳи августи соли 2024 ба анҷом расидааст.
Беморхона аз 3 бино - бинои асосии сеошёна, ду бинои дуошёна иборат аст. Дар он фаъолияти шуъбаи қабули калонсолон ва хурдсолон бо 80 кат ҳамчунин шуъбаҳои амрози дохила, ҷарроҳӣ, ёрии таъҷилӣ, таваллудхона, ёрирасон ва маъмурият барои хизматрасонӣ мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ховалинг айни ҳол 48 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо 374 табиб ва ҳамшираи шафқат ба 62 ҳазору 295 нафар аҳолии ноҳияи Ховалинг ёрии тиббӣ мерасонанд.
Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд
“Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп барқияи табрикотӣ ирсол кард
Аҳмади Иброҳим иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки чаро ба Конститутсияи Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид
Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2: “Истиқлол”-у “Равшан” дигар имкони баромадан аз гурӯҳро надоранд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Додхоҳии пашша аз бод”
Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста