Муҳоҷирони кории тоҷик яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд. Мунтазам мониторинг нашудани вазъи солимии онҳо имконият намедиҳад, ки ҳолати пурраи паҳншавии бемориҳо дар байни онҳо маълум шавад.

Шароити вазнини кор, дастрасии маҳдуд ба ёрии тиббӣ, душвориҳои марбут ба забондонӣ ва табъиз (дискриминатсия) бештар ба осебпазир будани муҳоҷирон ба бемориҳои рӯҳӣ ва сироятӣ боис мегардад.

 

Муҳоҷирон бештар ба бемории сил ва ВНМО осебпазиранд

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар ба муҳоҷират мераванд. Тибқи омори расмӣ, тақрибан 500 ҳазор шаҳрванд барои дарёфти кор ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд. Ин ҷараёни корӣ ҳамроҳ бо бозгашти тақрибан 400 ҳазор сурат мегирад. Ин чиз ба як хислати хос табдил ёфта, ба иқтисод ва сохтори иҷтимоии кишвар таъсири назаррас мерасонад.

Дар соли 2024 бар асари амали террористӣ дар «Крокус Сити Холл», коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ба назар мерасад. Ин ба ангезаи зиёди бегонаситезӣ (ксенофобия) ва афкору рӯҳияҳои зидди муҳоҷирон дар Русия боис шуд. Дар ин бора ҳолатҳои зиёди табъиз ва зӯроварӣ нисбати муҳоҷирон, аз ҷумла ҳамлаҳо, ихроҷ ва боздоштҳои дастаҷамъӣ шаҳодат медиҳанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба Русия мерафтанд, чанд рӯз дар фурудгоҳҳо нигоҳ дошта, бозпас ба ватан мефиристоданд.

Имрӯз дар Русия қонунҳое баррасӣ мешаванд, ки мувофиқи он кори муҳоҷирон дар соҳаҳои маориф, нақлиёти мусофирбар ва тиб манъ шуда метавонад. Ин метавонад яке аз сабабҳои коҳиши муҳоҷирати духтурон ва кормандони тиббии соҳибихтисос аз Тоҷикистон низ бошад.

Русия самти асосии муҳоҷират аз Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аксарияти кулли мардон дар сохтмонҳо машғули кор буда, зиёда аз нисфи занон дар бозорҳо фаъолият мекунанд.

Кори вазнини ҷисмонӣ дар бозору сохтмонҳо, ки реҷаи доимӣ надорад ва мавҷуд набудани шароитҳои одии кор, саломатии муҳоҷиронро зери хатар мегузорад. Солҳои охир теъдоди афроди сироятёфта аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории сил дар миёни муҳоҷирон зиёд шуда истодааст. Тақрибан 19% бемороне, ки соли 2022 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳангоми муҳоҷират ба бемории сил сироят ёфтаанд.

Комрон Парпиев, духтури асабшинос бар ин назар аст, ки чунин навъи кор худ ба худ хавфи сироятёбӣ аз бемории силро зиёд намекунад. Вале он метавонад ба паҳншавии сироят мусоидат кунад, махсусан агар муҳоҷирон дар ҷойҳое кор кунанд, ки издиҳоми зиёди одамон бошанд.

“Ғизои якхела, мизони пасти даромад ва сатҳи баланди стресс (ҳолати шадиди рӯҳӣ) системаи масуният (иммунитет)-ро заиф гардонида, он ба афзоиши хавфи сироятёбӣ ба бемориҳо боис мешавад. Илова бар ин, кори ҷисмонӣ, ки баъзан муҳоҷирон аз он ҷароҳат мегиранд, метавонад вазъи умумии онҳоро бадтар кунад”, - мегӯяд мутахассис.

Мақоми қонунӣ надоштан ва сатҳи нокофии ихтисос интихоби ҷойи корро барои муҳоҷирон маҳдуд мекунанд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки ба муносибатҳои кории ғайриқонунӣ бо шароити вазнини кор, аз ҷумла реҷаи ғайримунтазам ва маоши паст розӣ шаванд. Чунин шароит дар якҷоягӣ бо камхобӣ ва ғизои носолим, ба рушди бемориҳои музмин боис гардида, давомнокӣ ва сифати умри онҳоро ба таври назаррас кам мекунад.

«Илова бар ин мушкилиҳо, бисёре аз муҳоҷирон бо ҷудоии тӯлонӣ аз оила ва дӯстонашон дучор шуда, онҳоро эҳсоси танҳоӣ ва дурӣ (инзиво) фаро мегирад. Дар давраҳои аввали муҳоҷират ба онҳо бисёр вақт душвор мешавад, ки шахсони ҳамфикрро пайдо кунанд», - мегӯяд Мария Гончарова, духтури равоншинос, ассистенти кафедраи асабшиносӣ, равоншиносӣ ва психологияи тиббии ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов.

Ба ақидаи ӯ, ба саломатии муҳоҷирон инчунин мавҷуд набудани устуворӣ бо сабаби тез-тез тағйирёбии шароити кор таъсир мерасонад, ки ин системаи асабро боз ҳам бештар озурда месозад:

 «Ҳар кадоме аз ин омилҳо ба авҷгирии бемориҳои гуногуни равонӣ, аз қабили афсурдаҳолӣ (депрессия), эҳсоси нигарониву воҳима, бемориҳои васвосӣ, тарсу ҳарос ва воҳимаҳо оварда мерасонад», - мегӯяд равоншинос.

 

Муҳоҷирон бештар аз ихроҷ ҳарос доранд, на аз сироятёбӣ

Даромади кам муҳоҷиронро маҷбур мекунад, ки интихоб кунанд. Маблағро барои гирифтани патент ва суғуртаи тиббӣ сарф кунанд ё барои таъмини рӯзгори оилаашон ба Тоҷикистон фиристанд. Аксарият дуюмро интихоб мекунанд, зеро муҳоҷирон ризқрасони асосии оила маҳсуб меёбанд. Таҳқиқоти Созмони байналмилалии муҳоҷират бозгӯи он аст, ки 97% муҳоҷирон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватанашон пул мефиристанд. Барои 74% оилаҳои ин муҳоҷирон маблағҳои интиқолшуда ягона манбаи даромад мебошанд.

"Солимии муҳоҷирон хеле муҳим аст, зеро беморӣ метавонад ба қобилияти кории онҳо таъсири ҷиддӣ расонад. Ҳар як рӯзи кории аздастрафта маънои талафоти маош барои муҳоҷир ва андоз барои кишварро дорад", - мегӯяд Наталя Зотова, корманди Донишгоҳи тиббии ба номи Алберт Эйнштейни шаҳри Ню-Йорк, ки ба таҳқиқи масоили муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия машғул аст.

Русия яке аз 19 кишвар дар ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони дорои мақоми ВНМО (ВИЧ)-и мусбатро метавонанд аз кишвар ихроҷ кунанд. Одамон мақоми худро пинҳон карда, бар асари тарсу ҳарос аз ихроҷ шудан, аз муроҷиат ба марказҳои Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ,СПИД) барои гирифтани доруворӣ худдорӣ меварзанд.

Ихроҷи муҳоҷирони дорои ВНМО як таҷрибаи кӯҳнашудаи шӯравӣ аст, ки гӯё вирус дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) танҳо дар хориҷиён ошкор мешуд. Соли 2022 дар Русия 63 150 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, ҳиссаи муҳоҷирон дар он ночиз аст.

Дар тамоми таърихи назорат аз болои БНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) аз соли 1985, дар Русия тақрибан 2 млн шаҳрванди Русия ва танҳо 30 ҳазор нафар муҳоҷирон сироят ёфтаанд, ки ин тақрибан 1,6% аз теъдоди умумии сироятёфтагон аст. Дар соли 2017 рӯзномаи «Коммерсантъ» ҳатто изҳороти сардори Маркази федералии пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ (СПИД)-и Русия Вадим Покровскийро дар ин хусус бо чунин сарлавҳа нашр кард: «Омили асосии сироятёбии ВИЧ барои муҳоҷирон – кор дар Русия мебошад».

Тақрибан 600 шаҳрванди Тоҷикистон бо ВНМО-и мусбат дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Гурӯҳи аз ҳама осебпазиртарини муҳоҷирон дар мавриди сирояти ВНМО (ВИЧ) шахсони синнашон аз 50-сола боло мебошанд. Ин метавонад бо як қатор омилҳо, аз ҷумла тағйироти синнусолӣ дар системаи масуният, сатҳи пасти огоҳӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ ва давраи тӯлонии муҳоҷират вобаста бошад.

56% мардон ва 11% занон дар муҳоҷират шарикони доимии ҷинсӣ надоранд, 35% мардон ва 8% занон шарикони ҷинсии тиҷоратӣ доштаанд. Дар соли 2023 муҳоҷирон 32,5%-и афроди бо ВНМО (ВИЧ) сироятёфтаро дар Тоҷикистон ташкил медоданд.

Будубоши ғайриқонунӣ дар Русия ҳам яке аз сабабҳои асосиест, ки бар асари он бисёре аз муҳоҷирон ба муассисаҳои тиббии давлатӣ муроҷиат намекунанд.

Пайгирии маълумоти тиббии муҳоҷирон хеле душвор аст. Масалан, марказҳои БПНМ (СПИД) дар Русия дар бораи "ҳолатҳои нави ошкоршудаи сирояти ВНМО (ВИЧ) дар байни муҳоҷирон" ба Тоҷикистон хеле кам маълумот мефиристанд. Дар навбати худ, муҳоҷирони баргашта барои санҷиши гирифторӣ ба ВНМО (ВИЧ) низ хеле кам тест месупоранд.

Ба далели набудани маълумоти пурра ва хусусияти номунтазами муҳоҷират, барои Тоҷикистон пайгирӣ ва ба қайд гирифтани ҳолатҳои ВНМО (ВИЧ) дар байни ин гурӯҳи аҳолӣ мушкил мебошад. Огоҳии нокофӣ ва имкониятҳои маҳдуди ошкор намудани ВНМО (ВИЧ) дар байни муҳоҷирон мушкилоти паҳншавии сироятро дар кишвар душвортар мекунанд.

Онҳое, ки дар бораи мақоми худ маълумот доранд, дар марказҳои БПНМ (СПИД)-и Тоҷикистон доруҳои зиддиретровирусӣ мегиранд.

Иштироки занон дар ҷараёнҳои муҳоҷират роҳҳои интиқоли ВНМО (ВИЧ)-ро васеъ мекунад. Ба ҷуз аз воситаҳои инъексионӣ (тариқи сӯзандору) ва ҷинсӣ, хавфи интиқоли сироят аз модар ба кӯдак зиёд мешавад. Шавҳари тақрибан ҳар як зани ҳомилаи дорои ВНМО (бо ВИЧ)-и мусбат дар гузашта муҳоҷири меҳнатӣ буда, ӯ ҳам аз ВНМО (ВИЧ) сироят ёфтааст.

Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон аз оғози истиқлолият 16 383 ҳолати сироятёбӣ бо ВНМО (ВИЧ) ба қайд гирифта шудааст, ки 64%-и сироятёфтагонро мардон ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди талошҳои роҳандозишуда, мушкили сироят аз ВНМО (ВИЧ) дар Тоҷикистон ҳамоно ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар се моҳи аввали соли 2024-ум 254 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳиссаи зиёдаш ба вилояти Хатлон рост меояд. Вале агар ба сари ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ ҳисоб карда шавад, бештари ҳолатҳои сироятёбӣ аз ВНМО (ВИЧ) дар Душанбе сабт шудааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон 11 897 нафар бо ВНМО (ВИЧ) зиндагӣ мекунанд. Ин рақамҳо зарурати таҳкими чораҳои пешгирикунандае, ки ба кам кардани шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ, махсусан дар байни муҳоҷирон равона шудаанд, таъкид месозанд.

Пас аз баргаштан ба ватан, бар асари чунин мақом доштан дучоршавии муҳоҷирон ба табъиз ва тамғазанӣ (стигматизатсия) идома меёбад. Пештар мо қиссаи як муҳоҷирзанро нашр карда будем, ки дар Русия аз ВНМО (ВИЧ) сироят ёфта, дар ба бегонаситезии комил (ҷудокунӣ) ва муносибати беадолатона (нодуруст) дучор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.