Даргузашти Мирзо Шукурзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҷомеаи фарҳангиву адабии Тоҷикистон ва ҷаҳони форсизабонро ба риққат овард ва пас аз маргаш перомуни корномаи мондагораш ҳарф заданд.

Мирзо Шукурзода, ки нависанда, муаррих, мутарҷим ва муҳаққиқи таърих, фарҳанг ва адабиёти тоҷик ба ҳисоб мерафт, пас аз зуҳри ҷумъаи 18-уми октябр дар 75-солагӣ дар бемористони шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашт.

Маросими хайрбод бо Мирзо Шукурзода рӯзи шанбеи 19-уми октябр бо ҳузури шоирону нависандагон, муҳаққиқону рӯзноманигорон ва ҳаводорони фарҳангу адаб дар назди мактаби таҳсилкардаи марҳум дар зодгоҳаш - деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Сомониён ба хок супурданд.

Зиёиёни тоҷик марги Мирзо Шукурзодаро зарбае ба илму адабиёти тоҷик номида, таъкид мекунанд, ки таҳқиқу эҷоди ӯ арзиши воло дорад.

1/2

 

“Адиби пуркору ҳалолкор буд”

Абдураҳмон Абдуманнонов, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва мунаққиди шинохтаи адабиёт, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Мирзо Шукурзода ба маънои томаш адиб буд, чунки ҳам назм ва ҳам наср менавишт ва ҳамзамон пажӯҳиш мекард.

“Мирзо Шукурзода асарҳое дар бораи таърихи халқи тоҷик, дар бораи шахсиятҳои барҷастаи тоҷикон ва дар бораи сарнавишти давлати тоҷикон навишт, ки ба асарҳои дигарон монанд набуд ва навоварӣ дошт ва нигоҳи вижаи муаллиф хуб эҳсос мешуд. Мирзо адиби пуркор буд, ҳалолкор ҳам буд ва ягон соати умрашро беҳуда нагузаронд”, - гуфт мунаққиди тоҷик.

Ба гуфтаи Абдуманнонов, арзишмандтарин коре, ки Мирзо Шукурзода дар тӯли умраш анҷом дод, навиштани асари “Тоҷикон дар масири таърих” буд, зеро воқеоти дар масири таърих ба сари тоҷикон омадаро гуфта, нишон дод, ки бо ин ҳама мушкилот халқи тоҷик забону ҳувияти худро нигоҳ дошт.

Ӯ афзуд, ки агар дигар нависандагону пажӯҳишгарони тоҷик дар бораи таърихи тоҷикон ва шахсиятҳои барҷаста дар Эрону Афғонистон мақола чоп карда бошанд, Шукурзода асарҳои арзишманд ба табъ расонид ва дар шинохти таърих ва фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳони форсизабон корҳои мондагор ба сомон расонид.

Абдураҳмон Абдуманнонов бар ин назар аст, ки Академияи миллии илмҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳама имконоте, ки доранд, натавонистанд, ки корҳои ба сомон расонидаи Мирзо Шукурзодаро анҷом диҳанд ва марҳум тани танҳо кори ду ниҳоди адабию пажӯҳиширо анҷом дод.
Абдураҳмон Абдуманнонов
Акс аз муаллиф

 

“Қарзи охирони худро адо намуд”

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз дӯстону ҳамкорони Шукурзода бар ин назар аст, ки Мирзо Шукурзода дар радифи ашхосе буд, ки зиндагияшро ба фарҳангу адаб бахшид ва дар маросими видоъ таъкид дошт, ки бо асарҳояш беш аз ҳама Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар муаррифӣ кард.

Ӯ таъкид кард, ки Шукурзода барои адабиёти тоҷик ва шинохти ҳувияти миллии тоҷикон дар кишвар ва берун аз он хидматҳои мондагоре анҷом дод.

“Мирзо хӯю хислати хос дошт. Дар заҳматписандӣ, ҷонфарсоӣ дар сари қаламу сухан мисли ӯ ками дар кам нафаре пайдо шуд. Фидоии миллат буд ва қаҳрамонҳояшро аз байни мардум интихоб карда буд. Ҳама асарҳояш бо муҳаббату самимият нигошта шудаанд ва ба дарди ҷомеа мехӯранд”, - илова кард Абдулҳамид Самад.

Абдулҳамид Самад афзуд, Шукурзода бо таълифи ду асари дигаре, ки перомуни муҳоҷирати мастчоҳиён ба Дашти Дилварзин навишта шудааст, қарзи охирони худро низ дар назди зодгоҳу ҳамдиёронаш адо намуд.

Абдулҳамид Самад
Акс аз ҳафтаномаи "Машъал"

 

“Бори тафаккурро рустамона бардошт”

Аҳмадҷони Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, ба бемории тоқатфарсои Мирзо Шукурзода ишора карда, ҳамвора таъкид дошт, ки зиндагиномаи марҳум намоди ибрату пайравиву ифтихор ба насли оянда хоҳад буд.

“Ман ҳар боре бо Мирзо Шукурзода рӯбарӯ мешудам, аз ӯ як тимсоли рустамона, як виқори сарбаландии марди кӯҳистон, як нигоҳи уқобона ва як ростии қулларо медидам. Медидам, ки ба ҳар гуна заҳмату дарду ғаму ноҷуриҳои сиҳатиаш бори вазнинтарро бардоштан мехост”, - гуфт Раҳматзод.

Ӯ афзуд, “бори вазнинтар ин дарди миллат аст. Дарди халқ аст, дарди мардум аст, дарди иҷтимоъ аст. Ин бори маънавият аст, бори тафаккур аст. Ва ин борро Мирзо Шукурзода рустамона бардошта тавонист”.

Аҳмадҷони Раҳматзод
Акс аз ҳафтаномаи "Машъал"

 

Муаррифгари забардасте дар ҷаҳони форсигӯ буд

Мирзо Шукурзода 8 сол дар Афғонистон ва 12 сол дар Эрон зиндагӣ ва фаъолияти эҷодӣ кардааст ва ба ин васила дар ҷаҳони форсигӯ ҳам шинохта шуда буд. Ҳоло хабари даргузашти варо дар расонаҳои форсӣ ҳам интишор карда, дар бахши форсии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам аз ӯ ёд мекунанд.

Мирзо Шакурзода барои шинохти бештари тоҷикон дар ҷаҳони форсизабон хидматҳои мондагор анҷом додааст ва гуфта мешавад, ки шоирону нависандагон, пажӯҳишгарону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони Эрону Афғонистон аз мавсуф шинохти хуб доштаанд.

Ҳатто сафирон ва ройзанҳои пешини Эрон дар Тоҷикистон - Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Алиасғари Шеърдӯст ва Мусавии Гарморӯдӣ аз дӯстони наздики Мирзо Шакурзода ба ҳисоб рафта, бо марҳум ҳамкориҳои эҷодӣ доштаанд.

 

“Алоқаи зиёде ба Эрони бузург дошт”

Конуни ҳамёрии порсизабонон, ки қароргоҳаш дар Бритониё аст, даргузашти Мирзо Шакурзодаро ба аҳли фарҳанги Тоҷикистон ва хонаводаи марҳум таслият гуфта, нақши ӯро дар муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ба порсизабонони бурун аз марзҳои кишвар мондагор арзёбӣ кардааст.

“Китоби ӯ “Тоҷикон дар масири таърих”, ки дар Эрон нашр шуда, дар миёни алоқамандон ва пажӯҳишгарон аз китобҳои арзишманд дониста мешавад”, - ба шӯҳрати Шукурзода таъкид карда, навиштааст Конуни ҳамёрии порсизабонон.

Муҳаммад Ризо Шабонкора, пажӯҳишгари эронӣ низ аз даргузашти Мирзо Шукурзода андӯҳгин шуда, гуфтааст, мавсуф “пайвандгари тоҷикон бо эрониён буд ва алоқаи зиёде ба модар-меҳани ниёконаш Эрони бузург дошт”.

Бузургмеҳри Баҳодур, шоир ва рӯзноманигори тоҷик ҳам перомуни шинохти Мирзо Шукурзода дар ҷаҳони форсизабон гуфтааст, ки ӯ бо беҳтарин роҳ – китоб ва сухан – Тоҷикистонро дар ҷаҳони порсигӯ муаррифӣ кард.

Ӯ навиштааст, ки Мирзо Шукурзода бо 14 китоб, аз ҷумла “Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар” (1989) ва “Тоҷикон дар қаламрави Ориёно”, “Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон”,  “Тоҷикон дар масири таърих” номашро дар як гӯшаи таъриху тамаддун ҳаккокӣ кард.

“То рӯзе, ки 14 китоби Мирзо Шукурзода дар рафҳои китоби Эрон, дар китобхонаҳои ин кишвар, дар дасти ҳаводорони фарҳангу адаб ва забони тоҷикӣ мечархад, адам барои ин марди вораста бегона аст. То замоне ки китобҳои ба хатти порсӣ интишорёфтаи ӯро барои муаррифии бештари тоҷикону Тоҷикистон дар Афғонистону Покистон меҷӯянду мехонанд, ин номи хуҷаста ёд хоҳад шуд ва фаромӯширо нахоҳад пазируфт”, - таъкид кардааст рӯзноманигори тоҷик.
Мирзо Шукурзода бо шоири шаҳири эронӣ Шафеии Кадканӣ
Акс аз Бузургмеҳри Баҳодур

 

Чаро Шукурзода дар Лучоб дафн нашуд?

Бояд гуфт, ки ба Мирзо Шукурзода як моҳ пештар, 29-уми августи соли равон унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон тақдим гардид. Тибқи анъана, ҳар нафаре, ки унвони нависанда ё шоири халқӣ дорад, миёни шахсиятҳои барӯманд дар оромгоҳи Лучоб дар Душанбе ба хок супорида мешавад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тибқи васият Мирзо Шукурзода дар зодгоҳаш дафн шудааст.

“Ман чанд рӯз пеш аз марг ба беморхонаи Хуҷанд ба дидорбинӣ рафтам ва дар ҳамон ҷо ба бародарзодаҳои устод, ки нигоҳубин мекарданд, гуфтам, ки одамӣ миранда аст ва пурсидам, ки агар даргузаранд, дар Лучоб дафн кунем? Бародарзодаҳои Мирзо Шукурзода гуфтанд, ки тибқи васияти худашон дар оромгоҳи зодгоҳ ба хок месупоранд”, - гуфт Низом Қосим.
Низом Қосим
Акс аз ИНТ

Обид Шакурзода, бародари Мирзо Шукурзода ба “Азия-Плюс” гуфт, ки даргузашти бародараш ғайриинтизор буд ва бо он ки мавсуф дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ҷон супорид, наздиктар ба зодгоҳ оварда, ба хок супориданд. Ӯ таъкид кард, ки аз васияти Мирзо Шукурзода дар ҷараён набуд.

Ёдовар мешавем, ки Мирзо Шукурзода ҳамчунин қаблан бо як қатор унвону ҷоизаҳо, аз ҷумла Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.