Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд IT-форуми байналмилалиро таҳти унвони “Шарикии рақамӣ” баргузор намуд. Форуми мазкур дар доираи лоиҳаи “Мусоидат дар бартарафсозии таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона” баргузор гардида, дар он намояндагон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд иштирокдорони форум, хусусан меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хушомадед гуфт ва баргузории форуми мазкури минтақавиро хеле муҳим арзёбӣ намуд.
“Гузаронидани чунин як форуми минтақавӣ бахшида ба IT-технология ва рақамикунонии иқтисодиёт дар сатҳи минтақавӣ моро хеле хушҳол месозад, чун имрӯз он яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоду ҷомеа дар кишварҳои мост”,- зикр намуд ӯ.
Уточкин Никита, ноиби консули Русия дар Хуҷанд бо муроҷиат ба иштирокдорони форум зикр намуд, ки “ Русия шарики стратегии Тоҷикистон дар самти рушди дарозмуҳлати ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина аз ҷумла лоиҳаи “Мусоидат дар бартарафсозии таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона” амалӣ шуда истодааст”.
Ҷамила Мирсаидова, роҳбари дафтари БРСММ дар Хуҷанд низ оид ба аҳамияти форуми мазкур изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт: “Ин рӯйдоди муҳимест, ки мақомоти давлатӣ, IT-ширкатҳо, ҷавонон, муассисаҳои таълимиро муттаҳид месозад, то ин ки платформаи ягона барои табодули донишу таҷрибаҳоро ташкил намоянд”.
Иштироки ҷавонону занон дар иқтисодиёти рақамӣ Дар доираи форуми мазкур мавзӯҳои калидие баррасӣ карда шуданд, ки ба фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи мутахассисони ҷавон ва занон дар иқтисодиёти рақамӣ, ки ба рушди касбӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад, кумак мерасонанд.
Аз ҷумла, Саидзода Фирӯзмуҳаммад - директори Муассисаи давлатии “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон” дар мавзӯи “Нақши Бизнес-инкубатори Тоҷикистон дар дастгирии ҷавонон дар тиҷорат”, Собирзода Садбарг - сардори шуъбаи котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии танзими шуғли фосилавӣ ва афзалиятҳову камбудиҳои он барои тарафҳо”, Адаев Эрхан аз Қирғизистон дар мавзӯи “Зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ: Таҷрибаи Қирғизистон ва имкониятҳои нав барои тиҷорат, ҳукумат ва стартапҳо”, Низомов Олим аз Ӯзбекистон дар мавзӯи “Ҷустуҷӯи кор маҳоратест, ки ҳар кас бояд дошта бошад” баромад карданд.
Аз ҷумла, раиси Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон Маҳмуд Давлатов дар мавзӯи “Нақши шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти рақамишавӣ” баромад карда, гуфт: “Тайи солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар самти рақамикунонӣ, инноватсия, рушди технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои телекоммуникатсионӣ якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ татбиқ карда шуда истодаанд. Ҳамзамон, дар доираи ин барномаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунҳои махсуси соҳавӣ қабул шуда истодаанд, ки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо сабаб мешаванд, то ислоҳоти гуногуни фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ рушд ёбад ва соҳибкорону сармоягузоронро мо ба кишварамон ҷалб мекунему тавассути татбиқи барномаҳо, аз ҷумла консепсияҳо дар соҳаҳои гуногун метавонем кишвари пурқудрати иқтисодӣ бошем”.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, аз ҷумла Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ”, “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва дигар санадҳо қабул гардидаанд ва татбиқи онҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.
Мавзуҳои асосӣ ва натиҷагириҳо
Дар чорабинӣ масъалаҳои асосии зерин баррасӣ шуданд:
• Ҷалби ҷавонон ва занон ба иқтисоди рақамӣ;
• Рушди малакаҳои ҷустуҷӯи ҷойи кор ва таъсиси тиҷорати шахсӣ;
• Таъсири технологияҳо, ба монанди зеҳни сунъӣ, ба бозори меҳнат ва соҳибкорӣ.
Ҳамзамон дар панели мубоҳисавӣ баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, иштирокдорон ба суолҳои худ аз коршиносон посух дарёфт намуданд. Зикр гардид, ки форуми минтақавӣ барои иштирокчиён платформаи хубе фароҳам овард, то шарикӣ байни ташаббусҳои гуногуни рақамӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва IT-тиҷорат аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон амалӣ карда мешаванд, бо мақсади густариши донишҳои рақамӣ ва соҳибкории фаромарзии рақамӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, тавре қайд карда шуд, тавассути мусоидат ба ҳамкорӣ, форум талош меварзад таҷриба ва захираҳои дастаҷамъиро барои ҳалли мушкилоти муштарак истифода барад ва имкониятҳоро дар соҳаҳои инноватсияҳои рақамӣ, рушди инфрасохтор, тиҷорати электронӣ ва саводнокии рақамӣ кашф намояд. Ин талошҳои муштарак на танҳо ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ, балки ба ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, тавсеаи иқтидори технологӣ ва дар ниҳояти кор беҳбуд бахшидан ба некуаҳволии ҷамоатҳои водии Фарғона ва берун аз он нигаронида шудаанд.
Хулоса
Иштирокдорони форум ба ташкилкунандагон миннатдорӣ намуда, аз баҳсу баррасиҳои суратгирифта, ки метавонанд барои фаъолиятҳои ояндаашон кумак расонанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ба андешаи мутахассисони соҳа, чунин форумҳо барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон такон хоҳанд бахшид.
Соҳаи IT дар Тоҷикистон аллакай иқтидори бузург нишон медиҳад. Ташаббусҳои давлатӣ оид ба татбиқи технологияҳо, аз қабили барномаҳои рақамикунонӣ ва дастгирии стартапҳо, шароит барои рушди соҳибкорӣ ва таҳкими экосистемаи технологӣ фароҳам меоранд. Аммо дар ин соҳа ҳанӯз мушкилот мавҷуданд, аз ҷумла нарасидани мутахассисон ва зарурати баланд бардоштани саводнокии рақамӣ.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста