Ташаккули фазои мусоиди ҳамкорӣ миёни котибони матбуот ва расонаҳо ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилои сареъ ва боэътимод ва пешниҳоди он ба ҷомеа, пешгирӣ аз нашру паҳн гардидани маълумоти бардурӯғ ва таҳкими эътимод миёни онҳо аз муҳимтарин масоиле буданд, ки дар мизи гирди ташкилнамудаи Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” баррасӣ гардиданд.
Мизи гирд имрӯз, 12-уми декбри соли 2024, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати анҷоми Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО” ва бо ҳузури намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбарони созмонҳои журналистии кишвар, котибони матбуотӣ ва журналистону коршиносон доир шуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Умед Бобохонов, директори генералии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” зимни суханронии ифтитоҳии худ ба аҳамияти ҳамкории котибони матуботӣ бо рӯзноманигорон таъкид карда, иброз дошт, ки ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила аз як тараф ба пешниҳоди сареъ ва боэътимод ва аз тарафи дигар ба пешрафти кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ӯ гуфт, ки танҳо дар сурати ҳамкории самарабахш ва мутақобилаи ин ду қишр метавон аз асари маълумоти дурӯғ ва таблиғоти бегона пешгирӣ кард ва иттилооти объективонаро пешкаши хонанда намуд.
Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ ба масъалаи ҳамкории котибони матбуотии вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон бо рӯзноманигорон ва расонаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкории мутақобила ва самарабахши котибони матбуотӣ бо журналистон метавонад таъсири мусбат ба фазои иттилоотии Тоҷикистон расонад.
Ӯ изҳор дошт, ки дар сурати ҳамкории хуб миёни сухангӯёни вазорату идораҳои давлатӣ бо расонаҳо, метавон аз дасткориии иттилову киберҷинояҳо пешгирӣ кард ва ба ҷомеа иттилои саҳеҳ манзур кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, сафир Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”-ро яке аз лоиҳаҳои муҳим ва судманд барои рушди фазои иттилоотии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки чунин лоиҳаҳо метавонанд ба таҳкими ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳои давлатӣ бо расонаҳо мусоидат карда, шаффофияти иттилоотиро дар кишвар таъмин намоянд.
Шоҳин Самадӣ, сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зикр намуд, ки дар шароити имрӯз котибони матбуотии вазорату идораҳо дар доираи салоҳиятҳои худ бо расонаҳо ҳамкории хуб доранд. Ӯ таъкид кард, ки миёни аксар котибони матбуотии вазорату идораҳо алоқаи мустаҳкам ва гуфтушуниди судманд вуҷуд дорад ва онҳо аз мушкилот ва чолишҳои якдигар пурра огоҳанд.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Шаҳло Акобирова бошад, ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигоронро мавриди таҳлил қарор дода, изҳор дошт, ки дар вазъиятҳои фавқулода расонаҳо бо мушкилиҳои ҷиддӣ дар дастрас намудани иттилооти саҳеҳ ва расмӣ аз вазорату идораҳои кишвар рӯ ба рӯ мешаванд.
“Котибони матбуотӣ бояд дорои маҳорати гуногун ва чандирӣ бошанд. Онҳо бояд на танҳо ба сифати як котиби матбуотӣ, балки ҳамчун ҷомеашинос, сиёсатшинос ва менеҷери касбӣ амал карда тавонанд, то битавонанд ҳамкории судманд ва самарабахшро бо расонаҳо ба роҳ монанд. Ноил шудан ба чунин сатҳи касбият дар шароити имрӯз душвор аст, аммо ғайриимкон нест”, - иброз дошт Шаҳло Акобирова.
Ҳамзамон, роҳбари “Хома” аз сатҳи донишу касбияти баъзе рӯзноманигорон низ нигаронӣ кард ва гуфт, ин вазъ боис мегардад, ки онҳо наметавонанд иттилооти саҳеҳ ва тасдиқшударо ба хонандагон, шунавандагон ва бинандагони худ расонанд.
Аз ин рӯ, Шаҳло Акобирова зарурати такмили сифати ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигоронро дар кишвар таъкид намуд, то тавонанд иттилооти боэтимодро ба ҷомеа расонанд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО”-ро “Азия-Плюс” бо дасгирии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6 моҳ амалӣ намуд ва дар доираи он қариб 30 котиби матбуотиро ба тренингҳои омӯзишӣ ҷалб кард. Ҳамчунин, беш аз 20 рӯзноманигорро ба мизҳои гирде, ки бо иштироки коршиносону котибони матбуотӣ баргузор шуданд, даъват намуд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста